Шаҳодат ба маънои кушта шудан дар роҳи Худованд аст ва касе, ки дар роҳи Худо кушта мешавад, шаҳид номида мешавад. Шаҳодат яке аз волотарин фазилатҳои инсонӣ ва гиромитарин навъи марг аст. Дар оёти Қуръони Карим ва суханони Набии Акрам (с), чунон ҷойгоҳе барои шаҳид дар назар гирифта шуда, ки ҳар инсони мусулмонеро муштоқи дастёфтан ба ин мақом мекунад. Мақомоти чун ҳаққи шафоат, зиндагии бартар ва омурзиши гуноҳон, танҳо бахше аз ин ҷойгоҳ аст.
Шаҳид дар луғат ба маънои касе аст, ки ҳузур дорад ва мушоҳида мекунад. Шаҳидро аз он рӯ «шаҳид» номидаанд, ки чунин фарде алорағми он ки гумон мекунем мурдааст, аммо ӯ ҳузур дорад, моро мушоҳида мекунад ва дар рӯзи қиёмат шоҳид бар аъмоли мо хоҳад буд. Бинобар назар фақеҳон, бадани шаҳид ниёзе ба ғусл ва кафан надорад ва ламси кардани бадани ӯ мӯҷиб воҷиб шудани ғусл масҳи майит намегардад. Албатта ин ҳукм махсуси касе аст, ки дар майдони ҷанг бо кофирон кушта шавад ва соиринро шомил намешавад.
Дар Қуръони Карим аз шаҳодат бо таъбири «قتل فی سبیل الله» (Кушта шудан дар роҳи Худо) ёд шудааст. Дар ояте аз Қуръони Карим ин матлаб чунин баён шудааст: «وَ لا تَقُولُوا لِمَنْ يُقْتَلُ في سَبيلِ اللَّهِ أَمْواتٌ بَلْ أَحْياءٌ وَ لكِنْ لا تَشْعُرُونَ», "Ва ба онон, ки дар роҳи Худо кушта мешванд мурда нагӯед, балки онон дорои ҳаётанд, вале шумо дарк намекунед" (Бақра/154). Муфассирони Қуръон мӯътақиданд бино бар ин оят, шаҳидон дорои ҳаёт ва зиндагонӣ дар ҳамин дунё ҳастанд. Онон нозир бар аъмоли мо буда, моро мебинанд ва назди мо ҳузур доранд; Бо ин ҳол, мо ин ҳузуршонро дарк намекунем. Ҳамчунин дар ояти дигар, бар ин ҳақиқат таъкид шуда, ки шаҳидон зиндаанд ва назди Парвардгорашон рӯзӣ мехӯранд: «وَ لا تَحْسَبَنَّ الَّذينَ قُتِلُوا في سَبيلِ اللَّهِ أَمْواتاً بَلْ أَحْياءٌ عِنْدَ رَبِّهِمْ يُرْزَقُونَ», "Ва ҳаргиз гумон мабар онон, ки дар роҳи Худо кушта шуданд мурдаанд, балки зиндаанд ва назди Парвардигорашон рӯзӣ дода мешванд" (Оли Имрон/169).
Манзур аз ҳаёти шаҳидон, танҳо ҳаёти пас аз марг ва дар олами барзах нест. Бар тибқи оёти Қуръон тамоми инсонҳо ҳаёти пас аз марг доранд ва ҳеҷ инсоне баъд аз марг аз байн намеравад, балки ба ҳаёти худ идома медиҳад. Балки манзур аз ҳаёт дар ҳамин дунё ва асаргузорӣ бар ин олам аст. Шаҳидон ҳатто метавонанд ба ёрии мо инсонҳои заиф башитобанд, дилҳои моро такон дода ва ба сӯи роҳи дуруст ҳидоят намоянд. Шаҳидон ба маънои воқеӣ калима зинда ҳастанд ва таъсиргузории онон дар дунёи мо комилан машҳуд аст.