IQNA

Таҳлилгари ироқӣ дар гуфтугӯ бо ИКНА баён кард

Талоши бефоидаи режими саҳюнистӣ барои таҷзияи меҳвари муқовимат дар минтақа

23:08 - December 07, 2024
рақами хабар: 2537
ИКНА - Алӣ Носир гуфт: режими саҳюнистӣ ба думболи ин аст то гурӯҳҳои муқовимат дар Ироқ, Сурия ва Лубнонро аз ҳам ҷудо кунад. Аммо меҳвари муқовимат ҳамчунон аз тавони болое бархурдор аст ва метавонад ба сурати якпорча ба фаъолияти худ идома дода ва барномаҳои душманро ноком бигузорад.

Ҳанӯз чанд рӯзе аз оташбас дар Лубнон нагузашта буд, ки шоҳиди ҳаҷма ва таҷовузи бераҳмонаи дигар авомили саҳюнистҳо албатта бо пеш андохтан ва ҳазина кард такфириҳои гумроҳ дар Сурия ҳастем. Мусалламан пас аз шикасти сангини саҳюнистҳо ва амрикоиҳо дар ҳамла ба Лубнон ин муҳим комилан бар онҳо исбот шуд, ки тавони муқобила бо иттиҳоди якпорчаи ҷабҳаи муқовиматро надоранд, аз инру нақшаи ҷадид тарроҳӣ карданд ва он ворид кардани гурӯҳҳои такфирӣ ба ҷанг дар қисматҳои дигари Ховари Миёна ба хусус Сурия буд, ки бо ҳадафи саргарм кардани гурӯҳҳои муқовимат дар нуқоти дигаре аз минтақаи Ғарби Осиё онҳам бо ҳазинакарди гурӯҳҳои мутассиб ва гумроҳи такфирӣ аст. Рӯзҳои пар илтиҳоби кунунӣ дар Ғарби Осиё ҳар соат метавонад обистани ҳодисаи ҷадид ва ғофилгиркунанда бошад.

Хабаргузории ИКНА перомуни таҳаввулоти ахир дар Сурия бо Алӣ Носир, таҳлилгари ироқӣ ба гуфтугӯ нишаст.

Вай пиромуни таҳаввулоти ҷорӣ дар Сурия ва фаъолшудани гурӯҳҳои террористӣ дар ин кишвар гуфт: ҳамалоте дар Сурия аз сӯи гурӯҳҳои террористии мавриди ҳимояти режими саҳюнистӣ оғоз шудааст ва бархе аз қудратҳои минтақаӣ мисли Туркия ҳам онро баҳонае барои дахолат дар умури дохилии Сурия мебинанд ва бархе аз қудратҳои байналмилалии мисли Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳам ба думболи тасаллут бар минтақа ва думбол кардани манофеи худ ҳастанд.

Алӣ Носир афзуд: ба назари ман пас аз оташбас дар ҷануби Лубнон, акнун мебинем, ки барои замингир кардани меҳвари муқовимат байни Ироқ, Сурия, Лубнон ва Яман дар ҳоли барномарезӣ ҳастанд; Амре, ки дар ростои хидмат ба манофеи режими саҳюнистӣ аст, ки дар ҷараёни ҳамалоти гурӯҳҳои муқовимат зарботи сахтеро мутаҳаммил шудааст; Гурӯҳҳое, ки паҳподҳо ва мушакҳои онҳо ба Телавив ҳам расидааст ва ҳатто тавонистанд фурудгоҳи Бен Горон ва хонаи Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистиро ҳам ҳадаф қарор диҳанд.

Ин таҳлилгари ироқӣ таъкид кард: дар шароити кунунӣ масъулият бар ӯҳдаи кишварҳои арабӣ ва исломӣ аст то аз тамоми манотиқи муҷовир ва ҳамсояи ин даргириҳо муҳофизат кунанд. Ба вижа Ироқ, ки ба назари ман давлати Ироқ бояд дар он чи дар Сурия мегузарад дахолат кунад. Чаро, ки таҳаввулоти Сурия таъсири қобили мулоҳизае бар саҳнаи Ироқ хоҳад дошт.

Вай бо баёни ин ки набояд барои Ироқ мавзӯъи сирфан ба ҳимоят аз марзҳо маҳдуд шавад тасреҳ кард: ман бар ин боварам, ки кишварҳои исломӣ бояд ин барноми касиф ва ҷинояткоронаро ноком бигузоранд. Барномае, ки аз тариқи террористи ҷинояткоре ба номи Абумуҳаммад Ал-Ҷулонӣ анҷом мешавад, ки ҳатто Амрико ҳам гурӯҳи ӯро ҷузъи гурӯҳҳои террористӣ қарор додааст. Кишварҳои исломӣ бояд дар канори ҳам қарор гиранд ва ба Сурия, ки дар шароити кунунӣ бо мушкилот ва сахтиҳои зиёде мувоҷеҳ аст кумак карда ва масъулиятеро, ки бар уҳдаи онҳо аст анҷом диҳанд.

Вай дар идома гуфт: ба назари ман вазъияти кунунӣ ва пас аз оташбас дар Лубнон, барои меҳвари муқовимат бисёр муҳим аст. Режими саҳюнистӣ омидона ба думболи ин аст, ки минтақаро ба самти ҷанг савқ диҳад. Ҳатто дар ҷануби Лубнон ҳам режими саҳюнистӣ оташбасро нақз кардааст. Бинобар ин дарҳоли ҳозир кумак ва ҳимоят аз меҳвари муқовимат бисёр муҳим аст то ин ки кумакҳои башардӯстона ба Сурия ва Лубнон бирасад.

Алӣ Носир афзуд: режими саҳюнистӣ ба думболи ин аст то ҷилави ҳаргуна кумаке ба меҳвари муқовиматро бигирад ва гурӯҳҳои меҳвари муқовимат дар Ироқ, Сурия ва Лубнонро аз ҳам ҷудо кунад. Аммо меҳвари муқовимат ҳамчунон аз тавони болое бархурдор аст ва метавонад ба сурати якпорча ва муттаҳид ба фаъолияти худ идома дода ва барномаҳои режими саҳюнистӣ барои зарба задан ба амнияти дохилии ин кишварҳоро ноком бигузорад.

Алӣ Носир бо баёни ин ки гурӯҳҳои террористӣ дар ҳоли ҳозир ба думболи сӯистифода аз расонаҳои зард ва машкуке ҳастанд, ки ҳадафи онҳо интишори иттилооти дурӯғин барои шаҳрвандон аст, таъкид кард: расонаҳои арабзабоне, ки комилан дар ростои аҳдофи режими саҳюнистӣ амал мекунанд ва мутаассифона дар ҳоли ҳозир ҳамкории зиёде ҳам байни режими саҳюнистӣ ва бархе аз расонаҳои арабзабон вуҷуд дорад ва ҳадафи онҳо доман задан ба буҳронҳои мавҷуд дар минтақа аст.

Вай дар поён хотирнишон кард: мӯътақидам, ки дар шароити феълӣ расонаҳо нақш ва масъулияти муҳимме бар уҳда доранд ва бояд паёми сулҳро мунташир кунанд. Шумо низ ба унвони як расонаи ҳақиқӣ ва воқеӣ бояд ин паёмро мунтақил кунед ва воқеияти мавҷуд дар майдонро мунъакис кунад ва на монанди бархе расонаҳои муғризи арабӣ ва ибрӣ, ки оддисозии равобит бо режими саҳюнистиро думбол мекунанд ва тавассути ин режим таъмини молӣ мешаванд.

https://iqna.ir/fa/news/4252190

captcha