IQNA

Кумитаҳои муқовимати Фаластин:

«Оятуллоҳ Хоманаӣ рамзи иззат, каромат, инқилоб ва муқовимат аст»

21:11 - July 11, 2026
рақами хабар: 4813
Кумитаҳои муқовимати Фаластин бо судури баёнияе таъкид карданд, ки Оятуллоҳ Хоманаӣ рамзи иззат, каромат, инқилоб ва муқовимат боқӣ хоҳад монд ва мероси ӯ ҳамчунон дар виҷдони мӯъминон ва озодагон зинда хоҳад буд.

Ба гузориши икно ба нақл аз Маркази иттилоърасонии Фаластин, Кумитаҳои муқовимати Фаластин дар ин баёния таъкид карданд, ки шаҳодати Оятуллоҳ Сайидалӣ Хоманаӣ, раҳбари даргузаштаи Эрон, ҳаргиз ба хомӯш сохтани Инқилоби Исломӣ муваффақ нахоҳад шуд.

Дар ин баёния омадааст:

«Хуни шаҳиди Оятуллоҳ Хоманаӣ рӯҳи Инқилоби Исломиро боз ҳам фурӯзонтар кард ва онро дар рӯёрӯӣ бо неруҳои туғёнгар ва истикбори саҳюнистӣ, амрикоӣ ва ғарбӣ қавитар, устувортар ва боиродатар сохт.»

Кумитаҳои муқовимати Фаластин инчунин изҳор доштанд:

«Шаҳид Хоманаӣ ҳамчун муҷоҳид, раҳбари одил ва пешвои ҳаким зиндагӣ кард ва дар ҳоле ба шаҳодат расид, ки бар усул ва мавқеи худ устувор монд. Ӯ на созиш кард ва на ба муомила тан дод ва масъалаи Фаластинро ба як эътиқоди устувор табдил дод, ки аз он наметавон чашм пӯшид.»

Дар идомаи ин баёния бо ишора ба он ки маросими ташйеъ ва видоъ бо Оятуллоҳ Хоманаӣ ба ҳамосаи вафодорӣ ва рамзи иззат табдил ёфт, омадааст:

«Шаҳодати раҳбарон роҳро бознамедорад, балки ба он иродаи қавитар, устувории амиқтар ва имони бештар мебахшад.»

4363234

captcha