Бо вуҷуди зиндагии ширине, ки ҳазрати Алӣ (а) ва ҳазрати Фотимаи Заҳро (с) гузаронданд, аммо дар чанд моҳи поёнии зиндагии ҳазрати Фотимаи Заҳро (с) ҳаводиси ногуворе барои ӯ иттифоқ афтод; Чунон ки дар манобеи таърихӣ гуфта шуда талхиҳо ва мушкилоте, ки ҳазрати Фотимаи Заҳро (с) пас аз вафоти Паёмбар пушти сар гузошт ба қадре буд, ки дар ин даврон ҳеҷ кас ӯро хандон надид.
Хутбаи Фадкия, ки то имрӯз боқӣ монда аст санаде аз ин дарду ранҷҳост. Ин хутба, ки дар ҳузури саҳоба гуфта шудааст ба равшанӣ аз озурдагиҳое, ки ӯ пас аз Паёмбар мутаҳаммил шуд, парда бар медорад. Аз даст додани Паёмбар (с), моҷарои Сақифа, қазоёи муртабит бо хилофат ва мусодираи Фадак бахше аз далоиле аст, ки заминаи ин ҳузн ва андӯҳро фароҳам овард.
Мухолифати ҳазрати Фотимаи Заҳро (с) ва ҳазрати Алӣ (а) ба тасмиме, ки дар шӯрои Сақифа гирифта шуда буд боис шуд то ишон мавриди таҳдид қарор бигиранд. Байъат накардани ҳазрати Алӣ (а) ва ҳазрати Фотимаи Заҳро (с) бо халифаи вақт ва таҳассуни бархе аз ҳамроҳони ишон дар хонаи ҳазрати Фотимаи Заҳро мӯҷиб шуд ҳуҷум ба хонаи ишон шавад ва дар ин ҳуҷум ҳазрати Фотимаи Заҳро ба сабаби мумониат аз бурдани ҳазрати Алӣ барои байъат осеб дид ва фарзандаш сиқт шуд. Ҳазрати Фотимаи Заҳро (с) пас аз ин воқеа дар бистари беморӣ афтод ва пас аз муддати кӯтоҳе ба шаҳодат расид.
Ҳазрати Фотимаи Заҳро (с) ба ҳазрати Алӣ (а) васият кард мухолифонаш дар намоз гузордан бар пайкараш ва маросими дафни ӯ ширкат накунанд ва аз ҳазрати Алӣ (а) хост шубона вайро дафн кунад. Бар асоси дидгоҳи машҳур, ҳазрати Фотимаи Заҳро (с) дар 3 ҷамодиссонии соли 11 ҳиҷрии қамарӣ дар Мадина ба шаҳодат расид. Умри ӯро ҳаҷдаҳ сол гуфтаанд; Аммо дар ривояте аз ҳазрати имоми Боқир (а) умри ӯ 23 сол зикр шудааст.