Ба гузориши хабаргузории Ал-Маёдин, шайх Муҳаммад Тавфиқ Ал-Бутӣ бо интишори видеое саломатии худро мавриди таъйид қарор дод.
Ин дар ҳоле аст, ки пеш аз ин манобеи хабарӣ ахбори зидду нақизеро дар бораи террори шахсияти динии сурии шайх Муҳаммад Тавфиқ Ал-Бутӣ, раиси иттиҳодияи уламои Сурия мухобира карда буданд. Бархе манобеъ эълом карда буданд, ки вай дар манзилаш ба дасти афроди ношинос террор шудааст.
Муҳаммад Тавфиқ Ал-Бутӣ фарзанди шайх Муҳаммад Саид Рамазон Ал-Бутӣ, раиси собиқи иттиҳодияи уламои Сурия аст, ки дар ҷараёни инфиҷори интиҳорӣ дар Масҷидул-Имон дар соли 2013 кушта шуд.
https://iqna.ir/00HqaI