IQNA

Ал-Азҳар ҳамла ба бозори Мавлуди Исо дар Олмонро маҳкум кард

20:27 - December 21, 2024
рақами хабар: 2611
ИКНА - Маркази исломии Ал-Азҳар ҳамлаи як муҳоҷим ба мардум дар бозори Мавлуди Исои Масеҳ дар шаҳри Магдебург, воқеъ дар шарқи Олмон, ки даҳҳо кушта ва захмӣ барҷой гузошт, маҳкум намуд.

Ба гузориши ИКНА, ба нақл аз Савтуд-даот, Ал-Азҳар таъкид кард, ки ҳамла ба ғайринизомиён ва тарсонидани онҳо, навобаста ба дину эътиқодашон, ҷинояти мудҳиш буда, аз таълимоти динӣ ва арзишҳои инсонӣ ва ахлоқӣ, ки бар ҳифзи ҷонҳои инсонҳо ва таҳкими ҳамзистии инсонӣ таъкид доранд, хориҷ мебошад.

Ин марказ изҳор дошт, ки чунин ҳаводис зарурати талошҳои байналмилалиро барои аз байн бурдани андешаҳои ифротӣ, решакан кардани сарчашмаҳои он ва тақвияти талошҳо дар заминаи интишори арзишҳои бурдборӣ, сулҳ ва бародарии инсонӣ тақозо мекунад.

Ал-Азҳар дар поёни изҳорот бо хонаводаҳои қурбониён ҳамдардӣ намуда, ба онҳо таслият гуфт ва барои захмиён шифои оҷил орзу кард.

Расонаҳо шаби ҷумъа хабар доданд, ки ҳамлаи як муҳоҷим бо мошин ба мардум дар бозори Мавлуди Масеҳ дар шаҳри Магдебург, воқеъ дар шарқи Олмон, 11 кушта ва даҳҳо захмӣ барҷой гузошт.

Ронанда пас аз ин ҳодиса дар шаҳри Магдебург дар шарқи Олмон боздошт шуд. Матиас Шупе, сухангӯи ҳукумати маҳаллӣ, ин ҳодисаро як ҳамлаи террористӣ унвон кард.

Шаҳри Магдебург, воқеъ дар ғарби Берлин, пойтахти иёлати Заксен-Анҳалт буда, тақрибан 240 ҳазор нафар аҳолӣ дорад.

https://iqna.ir/fa/news/4255230

captcha