Расули Акрам (с) ҳангоме ки сӣ баҳор аз умри шарифашон сипарӣ шуд, бо Хадиҷа Хотун (с) издивоҷ карданд. Самари ин издивоҷ фарзандони зиёде буд, ки яке аз онҳо ҳазрати Фотимаи Заҳро (с) мебошад. Милоди мубораки ӯ дар соли панҷуми биъсат рӯй додааст.
Дар ҳамин айём, яъне дар солҳои чорум ва панҷуми биъсат, ки даъвати Паёмбари Ислом (с) ошкор шуд ва муборизаи Қурайш бо он ҳазрат шиддат ёфт, баъди вафоти писарони Паёмбар (с), Қосим ва Абдуллоҳ, душманон сахт шод шуданд ва гуфтанд, ки ӯ дигар насли идомадор надорад. "Ос ибни Воили Саҳмӣ", ки яке аз тамасхургарони Паёмбар буд ва аз ҳар фурсат барои озор додани ӯ ва мусалмонон истифода мекард, вафоти писарони Расули Акрам (с)-ро баҳона кард ва ӯро "абтар" (бенасл) номид.
Дар фарҳанги араб духтарон аҳамият надоштанд ва онҳоро дар шумори идомадиҳандагони насл намепиндоштанд. Ин танқиди Ос ибни Воил зуд паҳн шуд ва илова бар он ки дили Паёмбар (с)-ро озурда кард, таъсири манфие бар рӯҳияи мусалмонон гузошт.
Дар ин ҳолат Қуръони Карим барои таскин ва тасаллои Паёмбари гиромии Ислом нозил шуд ва ба муқобили таблиғоти манфии Қурайш бархост. Сураи мубораки Кавсар бо ҳамин мақсад нозил шудааст.
Дар ин сура Худои Мутаол ба Расули Худ (с) миннат мегузорад, ки ба он ҳазрат "Кавсар" ато кардааст, то ӯро дилпур созад ва бифаҳмонад, ки он кас, ки ӯро танқид мекунад, худ бепайванд аст.
«إِنَّا أَعْطَیْنَاکَ الْکَوْثَرَ» - Мо ба ту хайри бисёр ато кардем. «فَصَلِّ لِرَبِّکَ وَانْحَرْ» - Пас, барои Парвардигорат намоз бигузор ва қурбонӣ кун. «إِنَّ شَانِئَکَ هُوَ الْأَبْتَرُ» - Ба ростӣ, ки душмани ту худ бепайванд ва бенасл аст.
Фахри Розӣ, муфассири бузурги Қуръони Карим, дар тавзеҳи ин сура мегӯяд: "Маънои ин оят ин аст, ки Худо ба Паёмбар насли боқӣ медиҳад. Бубин, чӣ теъдод аз хонадони ӯ кушта шуданд, дар ҳоле ки ҷаҳон аз фарзандони Расули Худо пур шудааст ва ҳеч кас аз хонадони Бани Умайя наметавонад дар ин замина бо ӯ баробарӣ кунад. Ва дар назар бигир, ки аз насли Паёмбар (с) уламои бузурге чун Боқир, Содиқ, Козим, Ризо ва Нафси Заккия зоҳир шуданд."
Он фарзанде, ки насли Расули Худо (с) аз тариқи ӯ идома ёфт, Фотимаи Заҳро (с) буд. Ин духтари гиромӣ баъди издивоҷ бо Алӣ ибни Абитолиб (а) фарзандоне чун Ҳасан ва Ҳусейн (а)-ро ба дунё овард, ки сарвари ҷавонони Аҳли биҳишт мебошанд. Аммо ин духтари бузурги Расули Худо (с) умри кӯтоҳ дошт ва дар соли ёздаҳуми ҳиҷрӣ, се ё шаш моҳ пас аз вафоти Паёмбари Акрам (с), ба падари бузургвори худ пайваст.