IQNA

Қуръон чӣ мегӯяд / 43

Онон, ки ҳаргиз намемиранд

23:50 - July 26, 2023
рақами хабар: 270
Зинда будан дар адами ризоят ва ноумедӣ ва талхкомии матлуби ҳеҷ кас нест ва зиндагӣ танҳо ба маънои зинда будан нест, балки зиндагӣ бо хушҳолӣ ва ризоят ва саодат аст, ки метавон онро зиндагӣ ба ҳисоб овард. Дар ин миён, Қуръон аз касоне мегӯяд, ки ҳаргиз намемиранд!

Кайфияти зинда будан, эҳсоси арзишмандӣ ва ризоятмандӣ он чизе аст, ки ба зиндагӣ маъно медиҳад ва саодатмандии инсонро тазмин мекунад. Қуръони Карим ба гурӯҳе ишора мекунад, ки ҳаргиз намемиранд ва ҳамвора зиндаанд:

 وَلَا تَحْسَبَنَّ الَّذِينَ قُتِلُوا فِي سَبِيلِ اللَّهِ أَمْوَاتًا بَلْ أَحْيَاءٌ عِنْدَ رَبِّهِمْ يُرْزَقُونَ; “Ҳаргиз касонеро, ки дар роҳи Худо кушта шудаанд мурда мапиндор балки зинадаанд, ки назди Парвардигорашон рӯзӣ дода ме‏шаванд” (Оли Имрон, 169).

Тибқи баёни нависандаи тафсири Намуна, манзур аз зиндагӣ дар инҷо ҳамон зиндагии барзахӣ аст, ки арвоҳ дар олами пас аз марг доранд ва ин ихтисос ба шаҳидон надорад, вале аз онҷо, ки шаҳидон ба қадре ғарқ мавоҳиби зиндагии маънавӣ ҳастанд, ки гӯё зиндагии соири афроди ҳозир дар барзах дар муқобили онҳо чизе нест ва ба ҳамин далел танҳо аз онҳо ном бурда шудааст.

Инсоне, ки дар роҳи арзишҳо ва дар масири илоҳӣ мубориза мекунад ва ҷони худро фидо мекунад, қатъан пеш аз он ба ин арзишҳо пойбанд будааст ва онро дар зиндагии худ таҷассум бахшидааст. Тавозӯъ, бахшандагӣ, кантроли хашм, меҳрубонӣ ва расидагӣ ба маҳрумон бахше аз вижагиҳои як инсони Худоҷӯ аст ва бо онки дучори қасоват, худбартарбинӣ, манфаатталабӣ ва беахлоқӣ зиндагӣ мекунад мутафовит аст.

Он рафторҳои арзишманд, саодатро барои инсон фароҳам меоварад ва мавзӯъи ояти шарифа мешавад, ки “Зиндаанд ва назди Парвардигори худ рӯзӣ дода мешаванд”.

Абусуфён, ки фармондеҳи мухолифони Расули Аллоҳ(с) буд, дар поёни ҷанги Уҳуд бо садои баланд фарёд мезад: ин ҳафтод куштаи мусулмонон дар Уҳуд, ба ивази ҳафтод куштаи мо дар ҷанги Бадр. Аммо Расули Худо(с) фармуд: куштаҳои мо дар биҳишт ҷой доранд, вале куштагони шумо дар дӯзаханд. Ва ин ҳамон маънои зиндагии саодатманд ва ҷовидон аст, ки қаблан ишора шуд.

Нукоте пиромуни шаҳид ва шаҳодат дар тафсири Нур

  1. Паёмбар(с) аз шахсе шунид, ки дар дуо мегӯяд: «اسئلك خير ما تسئل; Худоё! беҳтарин чизе, ки аз ту дархост мешавад ба ман ато кун». Паёмбар ба ӯ фармуд: “Агар ин дуо мустаҷоб шавад, ӯ дар роҳи Худо шаҳид мешавад”.
  2. Дар ривоят омадааст: болотар аз ҳар некӣ, некӯтаре ҳаст, магар шаҳодат, ки ҳаргоҳ шахсе шаҳид шавад, болотар аз он хайре мутасаввир нест.
  3. Дар рӯзи қиёмат, шаҳид мақоми шафоат дорад. Шафоат восита шудани як махлуқ миёни Худо ва дигар махлуқот барои расондани хайр ё дафъи шар дар дунё ва охират аст.
  4. Беҳтарин ва бартарин маргҳо, шаҳодат аст.
captcha