
Ба гузориши (ИКНА) ба нақл аз Алхалиҷ, ин нахустин намоишгоҳи гиёҳони қуръонӣ аст, ки бо ҳадафи ошноӣ бо Қуръон дар боғи "Kew Gardens" баргузор шудааст.
Ин намоишгоҳ то 17 сентябри соли ҷори идома дорад ва дар боғи гиёҳшиносии Kew воқеъ дар ғарби Лондон баргузор шудааст.
Мудирияти боғи Kew дар ин бора эълом кард: Қуръони Карим шомили бисёре аз омӯзаҳо ва мисолҳост ва дар он аз табиат ба вижа фазои сабз, гиёҳон ва гулҳо ёд шудааст.
Осори ҳунарӣ ба намоиш даромада дар ин боғ аз осори "Шоҳина Ғазанфар", нависандаи китоби "Гиёҳони Қуръонӣ; Таърих ва фарҳанг" ва "Су Викисон", наққоши гиёҳони муқим дар Ниюзиланд ҳастанд.
30 тоблуи ба намоиш даромада аз осори Викисон ҳастанд ва маҷмӯаи густурдае аз гиёҳон аз ҷумла себ, анор ва ангурро ба тасвир кашидаанд ва ин маҷмӯа шомили иттилооте дар бораи аҳамият ва ишораи Қуръон ба ин гиёҳон аст.
Боғҳои гиёҳшиносии подшоҳии Kew, ки бештар бо номи (Kew Gardens) шинохта мешавад маҷмӯаи гулхонаҳо ва боғҳо ба масоҳати 121 гектар, ки як боғи гиёҳшиносӣ дар ҷануби ғарби Лондон аст ва бузургтарин ва мутанаввеътарин маҷмӯаи гиёҳӣ ва қорч шиносии ҷаҳонро дар худ ҷой додааст.
Беш аз 1100 нафар дар ин боғ машғули коранд ва будҷаи солонаи он беш аз 65 миллион павнд (85 миллион доллар) аст.