IQNA

"Султон Туллоб" Посухи мутамаддинона ба беҳурматии Қуръон дар Марокаш

18:43 - August 02, 2023
рақами хабар: 290
"Султон Туллоб" (Султонутталаба) суннати таърихӣ барои такрими ҳофизони Қуръон дар Марокаш аст, ки дар теъдоде аз шаҳрҳои ин кишвар ҳамчунон зинда нигаҳ дошта мешавад. 

Ба гузориш (ИКНА) ба нақл аз Геспресс, ин суннат ҳарсола дар авохири моҳи июл дар Работ, пойтахти Марокаш гиромӣ дошта мешавад ва дар он кӯдакони духтар ва писар, ки муваффақ ба ҳифзи Қуръон шудаанд, таҷлил мешаванд. 

Абдулфаттоҳ ал-Форисӣ, мудири ҷашнвораи Султон Туллоб дар ин бора гуфт: ин суннат як намод аст ва эҳтимом ба Қуръон ва аҳолии Қуръон ва ҳофизонро ба тасвир мекашд ва то ба имрӯз идома дорад.

Вай афзуд: ин ҷашнвораи ҷойгоҳи ҳомилони Қуръон ва олимон ба аҳком ва қавоиди Қуръониро нишон медиҳад. Дар гузашта афроди машҳур ва бузургони шаҳрҳои Марокаш дар масоҷид ва завоё (Мактаб хонаҳо) ҷамъ мешуданд ва бо ҳузури уламо, асотид ва қориён, маҳфили Туллоб ё ҳофизони Қуръон баргузор мекарданд ва дар ҷашне, ки ҳадди ақал як бор дар ҳафта баргузор мешуд, мардум дар итъоми ҳофизони Қуръон бо якдигар рақобат мекарданд. 

Абдулфаттоҳ ал-Форисӣ, дар бораи пешинаи ин маросим тасреҳ кард: ривояти таърихӣ нишон медиҳад, ки ин суннат барои нахустинбор дар замони "Мавлои Рашид", Султон Алавии марокашӣ дар солҳои 1666 то 1672 дар шаҳри Фос баргузор мешуд; Замоне, ки ин кишвар бо танишҳои дохилӣ мувоҷеҳ буд.

Вай ҳамчунин гуфт: Султон Туллоб, мафоҳими намодин ва абъоди тарбиятӣ ва сиёсӣ дар худ дорад ва алоқаи рӯзафзун ва воқеӣ подшоҳони кишвари Марокаш дар гузашта ва ҳоли ҳозир ба аҳолии Қуръон, ҳофизон ва Қуръон омӯзонро нишон медиҳад ва гӯё эҳтимоми Қуръон омӯзон ба арзишҳои марокашӣ, муқаддасот ва ҳувияти миллӣ аст.

Мудири ҷашнвораи Султон Толиб дар поён таъкид кард чунин ҷашнҳо ва барномаҳое посухи мутамиддинона ба афроде аст, ки дар бархе манотиқи ҷаҳон иқдом ба сӯзондани Қуръон кардаанд ва Марокаш дар ҳамин росто ҳафтаи гузашта қатъномаи пешниҳодӣ алайҳи қуръонсӯзиро ба маҷмаъи умуми Созмони Милал ироа кард ва ин қатънома тасвиб шуд.

captcha