Ба гузориши ИКНА, ба нақл аз хабаргузории Иморот, ин ҳамоиш бо ҳамкории Ҷамъияти Қуръони Шарҷа, радиои Қуръони Шарҷа ва шабакаи моҳвораии Қуръони Шарҷа ва бо иштироки бештар аз 50 пажӯҳишгари мард ва зан аз 35 бунёди илмӣ ва таълимӣ ва марказҳои пажӯҳишӣ аз 17 миллат баргузор гардид.
Дар ин ҳамоиш кӯшишҳои олимон дар замони таърихии Қуръон ва ошноӣ бо муносибат ва мавзӯоти илмии Қуръон, илмҳои Қуръон дар донишгоҳҳо ва муассисаҳои гуногун ва нақши технологияҳои рақамӣ ва ҳуши маснуъӣ дар рушди усулҳои таълимии Қуръон дар ҳоле ки аслияти ин усулҳо нигоҳ дошта мешавад, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Абдулкарим Усмон, Раиси факултаи Қуръон дар донишгоҳи Қосимия ва раиси кумитаи илмии ҳамоиш дар суханрониаш изҳор намуд: «Ин конфронс як фурсати хуб барои тақвияти ҳамкориҳои илмӣ байни муассисаҳо ва донишгоҳҳои фаол дар соҳаи Қуръон ва қироат мебошад ва дар тақвияти ҷойгоҳи қироатҳо ва ворид кардани қироат ба маҳофили илмӣ таъсири бузурге мерасонад».
Дар идома Муҳаммад бин Салим ал-Ҳарсӣ, аз донишгоҳи «Тайиба»-и Саудӣ гуфт: «танаввуъи мушорикатҳо дар иштироки ҳамоиш дар Шарҷа, ҷоигоҳ ва аҳамияти ин ҳамоишро дар дастгирии пажӯҳишҳои илмӣ нишон медиҳад».
Бар асоси ин гузориш, таърихи қироат ва баррасии истилоҳот, кӯшишҳои олимон дар қироат, муносибати қироат бо илмҳои гуногун ва воқеиятҳои қироат дар давраи кунунӣ аз мавзӯъоти ин ҷаласот ва ҳамоишҳо будааст.
Ҳамоиши қироот дар донишгоҳи Қосимия дар рӯзҳои 19 ва 20 феврали баргузор шуд ва бо намоишгоҳ ва коргоҳи омӯзишии махсус дар бораи барномаҳои ҳушманд ва маҳорати қироат, ҷаласоти гуфтугӯӣ ва семинарҳои илмӣ дар мавзӯи абъоди илмии Қуръон дар қироатҳо ҳамроҳ буд.