IQNA

Дар намоишгоҳи Қуръон анҷом шуд

Баррасии андешаҳои қуръонии раҳбарӣ ва роҳкорҳои густариши байналмилалии он

20:58 - March 08, 2025
рақами хабар: 3008
ИКНА - Суханрониҳо дар нишасти «Андешаҳои қуръонии Имоми Хоманаӣ ва роҳкорҳои густариши байналмилалии он» ба тавсифи вижагиҳои қуръонии мақоми муаззами раҳбарӣ дар канори шахсияти сиёсии ишон пардохтанд ва бар зарурати баррасии дидгоҳҳои қуръонии ишон дар дохил ва хориҷи кишвар таъкид карданд.

Ба гузориши хабарнигори ИКНА, ин нишаст рӯзи ҷумъа, бо ҳузури Ҳуҷҷатул-ислом ва-л-муслимин Ҳусайнии Найшобурӣ, мудири кулли байналмилалии таблиғи Созмони фарҳанг ва иртибототи исломӣ, Абдулқодир Муҳаммад Булу, қуръонпажӯҳ аз Нигерия, Али Оқо Сафарӣ, қуръонпажӯҳ аз Афғонистон ва Сайид Муҷтабо Разавӣ, қуръонпажӯҳ аз Ҳиндустон баргузор шуд.

Ҳуҷҷатул-ислом Ризоии Исфаҳонӣ ҳамчун котиби ин нишаст, ибтидо ба баёни андешаҳои қуръонии мақоми муаззами раҳбарӣ пардохт ва дар бораи собиқаи тафсирӣ дар хонаводаи ишон ва чигунагии китобати тафсирҳои ишон дар Машҳад тавзеҳот дод.

Ҳуҷҷатул-ислом Ризоии Исфаҳонӣ шеваи тафсирии мақоми муаззами раҳбариро комил ва бар мабнои тарбияти ахлоқӣ дониста, чанд мавридро ҳамчун роҳкорҳои густариши байналмилалии тафсири имом Хоманаӣ баршумурд.

Вай баргузории иҷлосияҳои андешаҳои қуръонии ишон дар хориҷ аз Эрон бо ҳузури андешамандони маҳаллӣ, тарҷумаи мақолаҳои баргузидаи конгрес ва интишори онҳо дар маҷаллаҳои арабӣ ва англисӣ, таҳияи клипҳои суханони қуръонии ишон бо тарҷума ба забонҳои гуногун, таҳияи лавҳаҳои суханони қуръонии ишон бо тарҷума ба забонҳои гуногун ва тарроҳӣ ва роҳандозии риштаи андешаҳои қуръонии имоми Хоманаӣ дар сатҳи магистр ва докториро аз дигар роҳкорҳое донист, ки ниёзманди таваҷҷуҳи вижа мебошад.

Ҳуҷҷатул-ислом ва-л-муслимин Ҳусайнии Найшобурӣ низ зимни суханоне дар ин нишаст гуфт: Мақоми муаззами раҳбарӣ дорои усули хоссе дар ҳавзаи тафсир ҳастанд. Масалан, мо баҳсҳои гуногунеро дар мутолиоти қуръонӣ дунбол мекунем, ки ишон дидгоҳи ҳамаҷонибатари нисбат ба онҳо доранд.

Суханрони дигари ин нишаст Абдулқодир Муҳаммад Булу аз Нигерия буд, ки ба тавзеҳи мафҳуми истикбор (такаббур)-и ҷаҳонӣ дар андешаҳои қуръонии мақоми муаззами раҳбарӣ пардохт.

Али Оқо Сафарӣ, қуръонпажӯҳи Афғонистон, низ зимни суханоне дар ин нишаст усул ва собикаҳои тасмимгирӣ дар Қуръон бо таъкид бар андешаҳои Имоми Хоманаиро мавриди баррасӣ қарор дод.

Сайид Муҷтабо Разавӣ, қуръонпажӯҳи ҳиндӣ, охирин меҳмони ин нишаст буд, ки ба тавсияҳои қуръонии мақоми муаззами раҳбарӣ пардохта, гуфт: Суоле дар ин ҷо матраҳ аст, ки мо ҳар рӯз бояд чӣ миқдор Қуръон бихонем?

Ривояте аз Имоми Боқир (а) матраҳ шудааст, ки «Ҳар кас дар шабонарӯз 10 оят бихонад, аз ғофилон нахоҳад буд, ва агар 50 оят бихонад, аз зокирин хоҳад буд...»

Мисли ин ривоят дар манбаъҳои аҳли суннат низ нақл шудааст.

Вай таъкид кард: Нуқтаи муштараки ҳамаи ин ривоятҳо ин аст, ки тиловати оятҳои Қуръон набояд дар зиндагии рӯзмарраи инсон фаромӯш шавад. Ҳамчунин, ҳамин тавсия дар суханони мақоми муаззами раҳбарӣ низ вуҷуд дорад, ки мефармоянд: «Ҳар рӯз Қуръон бихонед, ҳатто агар чанд оят бошад».

https://iqna.ir/fa/news/4270329

captcha