IQNA

Чӣ гуна ҳолати хуби рӯзаи рамазонро пас аз моҳи шарифи Рамазон ҳифз кунем? (1)

21:32 - April 06, 2025
рақами хабар: 3177
ИКНА - Яке аз ғофилиҳои муҳимми мо ин аст, ки пас аз моҳи шарифи Рамазон қадри дастовардҳои маънавии худро намедонем ва аз он чизҳое, ки дар ин моҳ ба даст овардаем, истифода намекунем! Тақво самараи рӯза аст ва бояд пас аз Рамазон ба ҷамъоварии ин мева пардохт.

Яке аз ғофилиҳои муҳимми мо мусулмонон дар умури маънавӣ ин аст, ки пас аз моҳи шарифи Рамазон арзиши ончи ба даст овардаем, намешиносем. Ҳол он ки ҳама ибодатҳое, ки дар моҳи Рамазон анҷом медиҳем, танҳо оғози зиндагии маънавӣ пас аз Рамазон ҳастанд. Баракатҳо ва фоидаҳои моҳи Рамазон пас аз он маълум мешаванд.

Худованд дар Қуръони Карим ва дар сураи Бақара мефармояд:
کُتِبَ عَلَیْکُمُ الصِّیامُ کَما کُتِبَ عَلَى الَّذینَ مِنْ قَبْلِکُمْ لَعَلَّکُمْ تَتَّقُونَ «Рӯза бар шумо фарз гардонида шуд, ҳамон гуна ки бар касоне қабли шумо фарз шуда буд, шояд ки ба тақво бирасед» (Бақара, 183). Яъне ҳадаф аз рӯза расидан ба тақво аст. Тақво самараи рӯза аст ва пас аз моҳи Рамазон бояд ҷамъоварӣ ва истифодаи он оғоз шавад.

Ҳақиқат ин аст, ки мо мусулмонон пас аз моҳи Рамазон ҳолати беҳтаре дорем – рағбати мо ба гуноҳ камтар шуда, рағбати мо ба ибодату ниёиш бештар мешавад. Дуоҳои мо осонтар иҷобат мешаванд ва тавбаҳои мо қабултар мешаванд. Сареътар метавонем ба сӯи Худо баргардем. Вале шайтон намегузорад, ки мо ба ин ҳолати хуб таваҷҷуҳ кунем ва онро нигоҳ дорему аз он баҳра барем.

Акнун дар ин фурсати нодир пас аз моҳи Рамазон чӣ бояд кард?

Беҳтарин кор дар ин фурсати пас аз Рамазон ин аст, ки худамонро ба корҳои хуб «одат» диҳем.

Пайғамбари гиромии Ислом (с) мефармоянд: عَوِّدُوا أَنْفُسَکُمْ الْخَیْرَ «Худатонро ба корҳои нек одат диҳед».

Ончи ки инсонро ба одат мерасонад, амали пайваста аст. Дар як ривояти маъруф омадааст: قَلِیلٌ‏ یدُوم عَلَیْک‏ خَیْرٌ مِنْ‏ کَثِیرٍ مَمْلُول «Амалҳои каме, ки пайвастаанд, беҳтаранд аз амалҳои зиёде, ки боиси хастагӣ мешаванд».

Албатта бисёре гумон мекунанд, ки одат танҳо ба рафтор иртибот дорад, дар ҳоле ки одат метавонад ба ҳолати ботини инсон низ рабт дошта бошад. Яъне инсон метавонад қалби худро ҳам ба чизҳое одат диҳад.

Пайғамбари Ислом (с) дар ин замина мефармоянд: عَوِّدُوا قُلوبَکُمُ التَّرَقُّبَ و أکثِرُوا التَّفَکُّرَ و الاعتِبارَ «Дилҳои худро ба назорат кардан одат диҳед ва бисёр андеша кунед ва ибрат бигиред» (Канзул-уммол/5709).

Ҳамчунин, дар ривояти дигар мефармоянд: عَوِّدُوا قُلُوبَکُمُ الرِّقَّةَ وَ أَکْثِرُوا مِنَ التَّفَکُّرِ وَ الْبُکَاءِ مِنْ خَشْیَةِ اللَّه‏
«Қалбҳои худро ба нармӣ одат диҳед ва бисёр андеша кунед ва аз тарси Худо гиря кунед».

Беҳтарин коре, ки пас аз моҳи шарифи Рамазон метавон анҷом дод, ин аст, ки худро ба одат додан оғоз кунем – на танҳо ба «амали нек», балки ба «ҳолати нек» низ одат диҳем.

Масалан, метавон пас аз моҳи шарифи Рамазон ҳар рӯз намозҳоро сари вақт бихонем – яъне қалби худро ба ин амали хуб одат диҳем.

https://iqna.ir/en/news/3492528

captcha