Бино ба фармудаи Қуръони Карим, ҳадафи аслии рӯза гирифтан, расидан ба «тақво» ва тавоноии худдорӣ аст. Худованд мефармояд:
یا أَیها الَّذین آمنُوا کتبَ علَیکمُ الصِّیامُ کما کتبَ علَی الَّذینَ مِن قَبلِکم لَعَلَّکم تَتَّقُونَ
“Эй касоне ки имон овардаед! Рӯза бар шумо фарз гардонида шуд, чунон ки бар касоне ки пеш аз шумо буданд фарз карда шуда буд, шояд парҳезгор гардед.» (Бақара, ояти 183)
Рӯза шомили ҷанбаҳои гуногун аст ва таъсири зиёде ҳам аз ҷиҳати моддӣ ва ҳам маънавӣ бар инсон мегузорад, ки муҳиму болотарин таъсири он, расидан ба тақво аст.
Тақво дар луғат аз решаи «виқоя» гирифта шуда, ба маънии худнигоҳдорӣ ва худдорӣ аст. Вале дар истилоҳи динӣ, тақво ба маънии нигоҳ доштани хештан аз бадиҳо аст. Тақво дараҷот дорад: поинтарин дараҷаи он, худдорӣ аз ҳаромҳои илоҳӣ мебошад, вале дар дараҷоти болотари тақво, ҳатто бояд аз баъзе макруҳот (корҳои нохушоянд, вале ҳаром нестанд) низ парҳез кард.
Аз назари Қуръони Карим, гиромитарини мӯъминон назди Худо, парҳезгортарини онҳост: إِنَّ أَکرَمَکُم عِندَ اللَّه أَتقاکُم (Ҳуҷурот, ояти 13), “Ба ростӣ гиромитарини шумо назди Худо, парҳезгортарини шумост.”
Расули Худо (с) дар хутбае, ки пеш аз моҳи мубораки Рамазон хондаанд ва бо номи хутбаи Шаъбония маъруф аст, беҳтарин амал дар ин моҳро «тарки гуноҳ» медонанд. Ҳазрат дар ин хутба ба фазилатҳои ин моҳ ва ибодатҳою мустаҳабботи он ишора мекунанд, аммо дар ниҳоят, дар посух ба саволи ҳазрати Алӣ (а) ки аз он бузургавор пурсид “Ё Расулаллоҳ! Беҳтарин амал дар ин моҳ чист?” Расули Худо фармуданд: أَفضَلُ الأَعمَالِ فِی هَذَا الشَّهرِ الوَرَع عن مَحَارِمِ اللَّه “Беҳтарин амал дар ин моҳ, парҳез аз ҳаромҳои Худо аст.”
Акнун, чӣ гуна метавонем парҳез аз гуноҳ ва ҳаромҳои илоҳиро, ки дар моҳи Рамазон ба даст овардем, дар давоми сол низ ҳифз кунем?
Яке аз роҳҳои он ин аст, ки рӯза гирифтанро дар давоми сол идома диҳем. Мо метавонем дар баъзе рӯзҳои сол рӯза бигирем ва боз ҳам аз фоидаҳои рӯза, ки дар моҳи Рамазон насибамон шуда буд, баҳра барем.