IQNA

Симкорти ироқӣ бо тамос ва интернити ройгон дар айёми Арбаин

18:41 - August 09, 2023
рақами хабар: 322
Ироқ (ИКНА) вазири иртибототи Ироқ эълом кард, ки ин вазоратхона дар айёми Арбаин симкорте ироа мекунад, ки хадамоти тамоси дохилӣ ва байналмилалӣ ва интернити он ройгон аст.

Ҳаём Ал-Ёсрӣ, рӯзи се шанбе дар як конфронси матбуотӣ гуфт: вазорати иртибототи Ироқ аз чанд ҳафта пеш муқаддамоти зиёрати Арбаинро оғоз кард. Мо як утоқи амалиёт ташкил додем то шароити лозим барои ин сафарро муҳаё кунем.

Вай таъкид кард, ки дастури иҷод ва густариши як шабакаи фибри нурии ҳавоӣ муваққатро, ки аз марзҳо то масирҳои зиёрат имтидод дорад, додааст.

Ҳаём Ал-Ёсрӣ, афзуд: ҳамчунин дастури коҳиши қимати интернети ширкатҳои телефони ҳамроҳ ва ширкатҳое, ки довталабона ин хадамотро ба сурати роягон ироа мекунандро додем.

Вай идома дод: қимати бастаҳои симкорт дар изои коҳиши қимати интернит барои зоирон ба шакли бастаҳои роягон ва тахфифӣ, коҳиш ёфта ва симкортҳои ироа мекунем, ки хадамоти тамоси дохилӣ ва байналмилалӣ ва интернити он роягон аст.

Вазири иртибототи Ироқ таъкид кард, ки ин хадамот барои ҳар зоире, ки аз кишварҳое ҳамчун Арабистон, Кувайт, Эрон ё Лубнон вориди Ироқ мешавад, дар дастрас хоҳад буд.

Вай баён кард: ширкати Supercell сервиси интернити роягонро дар ҷавори ҳарами Козимайни ироа карда ва барои ироаи хадамоти роягон дар Наҷафи ашраф ва Карбалои Муалло тавассути ширкати Iraqcell низ дар ҳоли баррасӣ ҳастем.

https://iqna.ir/fa/news/4161241

captcha