Дар чунин мавқеиятӣ аст, ки Қуръон моро хитоб қарор медиҳад ва мепурсад, ки сустӣ ва андӯҳи шумо барои чист?!
إِنْ يَمْسَسْكُمْ قَرْحٌ فَقَدْ مَسَّ الْقَوْمَ قَرْحٌ مِثْلُهُ وَتِلْكَ الْأَيَّامُ نُدَاوِلُهَا بَيْنَ النَّاسِ وَلِيَعْلَمَ اللَّهُ الَّذِينَ آمَنُوا وَيَتَّخِذَ مِنْكُمْ شُهَدَاءَ وَاللَّهُ لَا يُحِبُّ الظَّالِمِينَ; “Агар ба шумо (дар майдони корузор) осебе ворид шуд, ба он ҷамъият низ ҷароҳате ҳамонанди он ворид гардид. Ва мо ин рӯзҳои (пирӯзӣ ва шикаст)-ро дар миёни мардум мегардонем; (ва ин хосияти зиндагии ҷаҳон аст) то афроде, ки имон овардаанд, шинохта шаванд ва Худованд аз миёни шумо қурбониёне бигирад, ва Худованд золимонро дӯст намедорад” (Оли Имрон, 140).
Тибқи тафсири Намуна, дар ин оят ба яке аз суннатҳои илоҳӣ ишора шудааст, ки дар зиндагии башар ҳаводиси талх ва ширинне рух медиҳад, ки ҳеҷ кадом пойдор нест, ва “Худованд ин аёмро дар миёни мардум ба таври мудовим гардиш медиҳад” то суннати такомул аз лобалои ин ҳаводис ошкор шавад (وَ تِلْکَ الْأَیَّامُ نُداوِلُها بَیْنَ النَّاسِ).
Ва сипас ишора ба натиҷаи ин ҳаводиси ногувор мекунад ва мефрмояд: “Инҳо ба хотири он аст, ки афроди бо имон, аз муддаиёни имон шинохта шаванд” (وَ لِیَعْلَمَ اللَّهُ الَّذِینَ آمَنُوا). Яке аз натоиҷи ин шикасти дарднок ин аст, ки шумо қурбониёне, дар роҳи Ислом бидиҳед” (وَ یَتَّخِذَ مِنْکُمْ شُهَداءَ).
Усулан миллате, ки қурбонӣ дар роҳи аҳдофи муқаддаси худ надиҳад, ҳамеша онҳоро кӯчак мешумуранд, аммо ба ҳангоме, ки қурбонӣ дод, ҳам худи ӯ, ва ҳам наслҳои ояндаи ӯ, ба дидаи азамат ба он менигаранд.
Нуктаи ҷолибе дар поёни ин оят вуҷуд дорад ва он ин аст, ки “Худованд ситамгаронро дӯст намедорад” (وَ اللَّهُ لا یُحِبُّ الظَّالِمِینَ) ва бинобар ин хитоб ба умуми мӯъмнин ва ғайри мӯъмнин мегӯяд, ки дар бархурдҳои инсонӣ ва ғайри он, Худованд ҳаргиз аз ситамгарон ҳимоят нахоҳад кард.
Нуктаҳо:
Дар тафсири Нур мехонем: ин оят воқеиятеро баён мекунад ва он инки агар шумо ба манзури ҳақ ва барои ҳадафи илоҳӣ мутаҳаммили зарари ҷонӣ шудаед, душманони шумо низ кушта ва маҷрӯҳ додаанд. Агар шумо имрӯз пирӯз нашудаед, душманони шумо низ дар ҷабҳаҳои дигаре аз шумо шикаст хӯрдаанд; Пас дар сахтиҳо бурдбор бошед.
Гарчи маъмулан калимоти “шуҳадо”, “шаҳид” ва “шоҳид” дар Қуръон ба маънои “гувоҳ” аст, локин ба далели шаъни нузул ва масъалаи ҷанг ва мавзӯъи захм ва ҷароҳат дар ҷабҳа, агар касе калимаи “шуҳадо”-ро дар ин оят ба “кушта шудагони дар роҳи Худо” маънӣ кунад, ба хато нарфтааст. Мусулмонон бояд бо таваҷҷуҳ ба мавориди зер рӯҳияи қавӣ ва мустаҳкам дошта бошанд:
А: “أَنْتُمُ الْأَعْلَوْنَ” Шумо баланд мартабаед.
Б: “فَقَدْ مَسَّ الْقَوْمَ قَرْحٌ” Ҳушманони шумо низ захмӣ шудаанд.
В: “تِلْكَ الْأَيَّامُ نُداوِلُها” Ин рӯзҳои талх сипарӣ мешавад.
Г: “وَ لِيَعْلَمَ اللَّهُ الَّذِينَ آمَنُوا” Худо мӯъминони воқеиро аз мунофиқон боз мешиносонад.
Д: “وَ يَتَّخِذَ مِنْكُمْ شُهَداءَ” Худованд аз шумо гувоҳонеро барои ояндаи таърих мегирад.
И: “وَ اللَّهُ لا يُحِبُّ الظَّالِمِينَ” Худованд мухолифони шуморо дӯст надорад.
Имоми Содиқ(а) дар бораи ин оят фармуданд: “Аз рӯзе, ки Худованд одамро офарид, қудрат ва ҳукумати Худоӣ ва шайтонӣ дар таоруз бо якдигар будаанд, аммо давлати комили илоҳӣ бо зуҳури ҳазрати Маҳдӣа(а) таҳаққуқ меёбад”.