Панҷоҳу дувумин сураи Қуръони Карим “Тур” ном дорад. Ин сура бо 49 оят дар ҷузъи 27 Қуръони Карим қарор дорад. Тур, ки аз сураҳои макӣ аст, дар тартиби нузул, ҳафтоду шашумин сурае аст, ки бар Паёмбар(с) нозил шудааст.
Дар ояти нахусти ин сура ба “Тур” савганд ёд шуда ва ба ҳамин далел ин сураро Тур номидаанд.
Тури Сино, яке аз маконҳои муқаддаси динӣ аст, ки дар сарзамини Фаластин қарор дорад. Ҳазрати Мӯсо (а) бар он кӯҳ бо Худованд сухан мегуфт ва ба он ҳазрат ваҳй мешуд. Номи “Тур” даҳ бор дар Қуръон ба кор рафтааст.
Ба навиштаи тафсири Ал-Мизон, меҳвари аслии сураи Тур, таҳдиди касоне аст, ки бо сухани ҳақ душманӣ мекунанд. Ин сура, кофиронро ба азобе, ки дар рӯзи қиёмат бароияшон дар назар гирифта шуда, бим дода ва бо баёни савгандҳои, вуқӯъи он азобро қатъӣ эълом кардааст.
Сура сипас пораҳое аз вижагиҳои он азобро баён карда, ки азобе аст умумӣ ва ҷудо ношуднӣ; Ва дар муқобил, бахше аз неъматҳои биҳиштиёнро шарҳ додааст. Ҳамонҳое, ки дар дунё бо меҳрубонӣ рафтор мекарданд ва ба Худованди ягона имон доштанд.
Мӯҳтавои сураи Турро метавон ба шаш бахш тақсим кард.
Оёт нахустини сура, ки бо чанд савганд шурӯъ мешавад ба мавзӯъи азоби илоҳӣ ва нишонаҳои қиёмат ва оташи дӯзах ва кайфари кофирон ишора дорад.
Бахши дигаре аз ин сура неъматҳои илоҳӣ дар биҳиштро, ки дар интизори парҳезкорон аст, баён мекунад ва ба тамоми онҳо ишора мекунад.
Ҳамчунин дар мавриди паёмбарии Паёмбари Ислом(с) сухан мегӯяд ва ба иттиҳомоте, ки душманон ба ӯ ворид кардаанд, ба сурати хулоса ва мухтасар посух медиҳад.
Мавзӯъи дигаре, ки дар ин сура мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта, тавҳид ва ягонагии Худованд ва исботи он бо далоили маҳкам ва мушаххас аст.е
Бори дигар ба мавзӯъи маод ва бархе аз мушаххасоти рӯзи қиёмат ишора мекунад ва дар поён ба Паёмбари Ислом(с) дар заминаи сабр ва истиқомат ва тасбеҳ ва ҳамди Парвардигор дастурот медиҳад ва бо ваъдаи ҳимояти ӯ аз сӯи Худованд, мавзӯъоти гузаштаро ҷамъ бандӣ мекунад.