Ба гузориши ИКНА ба нақл аз хабаргузории Анатоли, гузоришҳои марбут ба исломҳаросӣ дар кишварҳои аврупоӣ ҳокӣ аз онанд, ки аксари қурбониёни ин ҷиноятҳо занони мусалмон мебошанд.
Ин таҳқиқот нишон медиҳад, ки таблиғоти сиёсатмадорони ростгарои ифротӣ бештар занони муҳаҷҷабаро ҳадаф қарор медиҳанд.
Бар асоси гузориши соли 2024-и Созмони мубориза бо исломҳаросӣ дар Аврупо, аз 1037 мавриди ҷиноятҳои сабтшуда, 24 дарсад ба мардон ва 76 дарсад ба занони мусалмон марбут будаанд. Аз ин миён, 402 маврид ба занони муҳаҷҷаба рабт доштааст.
Дар ин гузориш омадааст, ки 59 дарсади ин ҷиноятҳо табъизи нажодӣ, 17 дарсад нафратпароканӣ, 11 дарсад тӯҳмат, 7 дарсад таҳқир ва 6 дарсад ҳамлаи ҷисмонӣ будааст.
Аз сӯи дигар, гузориши гурӯҳи мубориза бо исломҳаросӣ дар Белгия нишон медиҳад, ки 70 дарсади мавридҳои исломҳаросӣ нисбат ба занон сурат гирифтааст, ки 50 дарсад аз онҳо алайҳи занони муҳаҷҷаба, бештар дар муҳити кор ва мактабҳо рух додаанд.
Ин гузориш ҳамчунин нишон медиҳад, ки 19 дарсади ҳамлаҳои лафзӣ ва ҷисмонӣ дар муҳитҳои омӯзишӣ анҷом шудааст. Бар асоси ин омор, 56 дарсади мавридҳои исломҳаросӣ аз сӯи ниҳодҳо ва муассисаҳои давлатӣ ба вуқӯъ пайвастааст.
Гузориши дигари Идораи ҳуқуқи асосии Иттиҳоди Аврупо бо унвони «Мусалмон будан дар Аврупо ва таҷрибаи мусалмонон» нишон медиҳад, ки кишварҳои Австрия бо 71 дарсад, Олмон бо 68 дарсад ва Финландия бо 63 дарсад бештарин мавридҳои исломҳаросиро дар соли 2024 дар Аврупо ба худ ихтисос додаанд.
Ҳукумати Англия ахиран эълон кард, ки як сандуқи нав барои назорат бар ҳодисаҳои нафратпароканӣ алайҳи мусалмонон ва ҳимоят аз қурбониён таъсис медиҳад. Донишгоҳи Ал-Азҳари Миср низ дар баёнияе бо истиқбол аз ин иқдом, онро қадами муҳими амалӣ дар роҳи мубориза бо нафратпарокании рӯ ба афзоиш ва хушунат дар ҷомеаи Англия арзёбӣ кард.
Ин ниҳод аз ҳукумати Англия барои ин тасмим изҳори сипос намуда, бар зарурати тасвиби қонунҳои шадидтар барои муқобила бо нафратпароканӣ алайҳи мусалмонон, таблиғи арзишҳои таҳаммулгароӣ дар барномаҳои дарсӣ ва тақвияти талошҳо барои назорати муҳтавои таҳрикдиҳанда бо истифода аз фанновариҳои зеҳни сунъӣ таъкид кардааст.