
Ба гузориши “ИКНА”, ба нақл аз “Ал-Ҷазира”, фаъолон дар шабакаҳои иҷтимоӣ файли забтшудаеро мунташир карданд, ки нишон медиҳад як муаллими бритониёӣ тавассути шогирдаш дар Урдун мусулмон шудааст.
Дар видеое, ки дар шаҳри “Ал-Рамата” дар шимоли Урдун гирифта шудааст, муаллим дар канори шогирди урдунии худ ва як мубллиғи динӣ меистад, ки шаҳодатайнро ба вай талқин мекунанд.
Пас аз баёни шаҳодатайн, шогирд ба устодаш таъкид кард, ки ӯ расман мусулмон шудааст ва баъд ӯро дар оғӯш гирифт.
Теъдоди гаравандагон ба Ислом дар Бритониё дар солҳои ахир ба мизони қобили таваҷҷӯҳе афзоиш ёфтааст.
Теъдоди мусулмонони саросари ҷаҳон ба таври куллӣ аз 2,7 миллион нафар дар соли 2011 ба 3.9 миллион нафар дар соли 2021 афзоиш ёфтааст яъне 1.2 миллион нафар тайи ин 10 сол бештар шуданд ва мусулмонон акнун 6.5% аз кулли ҷамъияти Бритониёро ташкил медиҳанд.