Бар асоси ин гузориш, ҳайате аз намояндагони Маҷлиси Шӯрои Исломӣ Эрон ба риёсати Ваҳид Ҷалолзода, раиси комиссияи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Шӯрои Исломӣ, ки барои дидор бо мақомоти Лубнон дар Бейрут ба сар мебаранд, имрӯз ба дидори Дабири кулли Ҳизбуллоҳ рафтанд.
Сайид Муҷтабо Амонӣ, сафири Эрон дар Бейрут низ дар дидори ҳайати намояндагони Маҷлиси Шӯрои Исломӣ бо Сайид Ҳасан Насруллоҳ ҳузур дошт.
Дар ин дидор тозатарин таҳаввулот ва авзоъ дар Лубнон, Фаластин ва минтақа мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ин ҳайати эронӣ қабл аз сафар ба Лубнон ба Димишқ рафт ва бо мақомоти Сурия аз ҷумла Файсал Миқдод, вазири хориҷаи Сурия, Ҳусейн Арнос, нахуствазир ва Ҳаммудда Саббоғ, раиси Парлумони ин кишвар дидор ва гуфтугӯ кард.
https://iqna.ir/00HSiB