“Тафсир” истилоҳе дар улуми исломӣ аст, ки ба тавзеҳи маонии оёти Қуръони Карим ва истихроҷи маориф аз он ихтисос дорад. Ин вожа дар таркиби “Илми тафсир” ба яке аз густурдатарин заминаҳои улуми исломиӣ ишора дорад, ки мавзӯъи он тафсири Қуръони Карим аст.
Решаи Сомии “Фаср” дар қадимитарин корбурдҳои худ, ба маънои гудохтан ва дар корбурди баъдӣ, ба маънои таъбири хоб истифода шудааст. Дар фароянди интиқол аз маънои “гудохтан” ба “таъбири”, истиораӣ рух дода, ки мабнои он ҳамсон донистани гудохтани санги маъдан барои дастёбӣ ба фелеззи ноб бо гудохтани сухан барои дастёбӣ ба маънои наҳуфтаи он аст.
Дар воқеъ тафсир эҷоди як маъно аст дар иртибот бо як матн, ки дар хилоли он гунаи вобастагӣ миёни маънои тафсир бо матн вуҷуд дорад. Ба ҷуз мавориди кам монанди ҳуруфи муқаттиа, умуми оёт дар мавқеияте ҳастанд, ки аз зоҳири онҳо маъное ба зеҳн мутабодир мешавад. Ин маъно, ки онро маънои аввалия ё маънои табодрӣ меномем, бар асоси дониши забонӣ ва дар табодури урфӣ эҷод мешавад ва ниёз ба фаолияти вижае надорад. Ончи тафсир номида мешавад, эҷоди маънои сонавия ё маънои тафсири (ғайри табодурӣ) аст, ки ҳосили дониш ё маҳорати фаротар аз дониши одӣ ба забон аст.
Нахустин намунаҳо аз осоре бо унвони “Тафсири Ал-Қуръон” , ки навишатаи аз манобеи мутанаввеъ ва талфиқ миёни дидгоҳҳои тафсирии саҳоба (ёрони бевоситаи Паёмбар) ва тобеин (ёрони Паёмбар) бошад, марбут ба даҳаҳои севум то панҷум аз садаи дуввуми қамарӣ (байн солҳои 750 то 770 мелодӣ) аст. Вижагии дигар дар ин даст осор, сабти назариёти тафсирии муаллиф дар айни нақл аз саҳоба ва тобеин аст. Ин гуна осор дар Ироқ, Макка ва Хуросон дида мешавад. Ин се сарзамин, манотиқе ҳастанд, ки навандешӣ дар онҳо решадор буд, аммо чунин ҳаракате дар манотиқи суннатгаро монанди Мадина ва Шом дида намешуд ва муфассирони онҳо дертар ба ҷараёни таълифи тафсир пайвастанд.
Ба думболи таъсиси мадориси муҳимми ҷаҳони Ислом дар авохири қарни 4 ва тайи қарни 5 қамарӣ (қарни 10 ва 11 мелодӣ) монанди Ал-Азҳар, мадориси Низомия ва даҳҳо мадрасаи дигар, таҳаввулоти муҳимме дар низоми омӯзиши ҳавзаҳои динӣ рух дод. Ин ҳавзаҳо, ки омӯзиши улуми мухталифро дар канори якдигар ва бо нисбатҳои мутафовит барои даст ёфтан ба тахассусҳои гуногун думбол мекарданд, омӯзиши улуми исломиро аз суннати синфӣ мутаҳаввил карданд ва бо бунёди ниҳодина суннати мадрасаӣ, заминасози вуқӯъи як бозтаърифе дар ҷойгоҳ ва коркарди ҳар илм шуданд.
Нависандагони кутуби тафсирӣ аз аснофи гуногуни уламо, шомили мутакаллим, фақеҳ, муҳаддис ва адиб, дар қарни 5 қамарӣ (11 мелодӣ) ба ин воқеият эътироф доштанд, ки барои фаҳми Қуръон бояд нигоҳе такбуъдиро канор ниҳод ва аз дастовардҳои улуми мухталиф дар фаҳми Қуръон баҳра гирифт. Маҷмӯъи ин ҷараёнҳои муҳимми бурун ва даруни олами тафсир, мӯҷиб шуд то робитаи тафсир бо гароишҳои донишӣ чун калом ва фиқҳ ва амсоли он, аз қарни 6 қамарӣ (12 мелодӣ) робитаи абзорӣ гардад ва тафсир ба унвони илми мустақил ва масрафкунандаи дастовардҳои улуми мухталиф шинохта шавад.
Тайи садаҳои нахустин то қарни 6 қ, бо онки тафосир ба табъ аз манобеъ бармехостаанд, аммо мабҳаси мустақил ба унвони манобеъи тафсир матраҳ набудааст. Аммо қарни 6 қ қарни истиқлоли дониши тафсир аст ва ҳамин истиқлол ниёзҳои ҷадидеро низ дар пеши рӯи тафсир қарор дод.
Муфассирон ба шиддат ниёзманди сомондаҳӣ ба усул ва мабонии худ дар тафсир, дарунисозии дастовардҳои чанд риштаӣ садаҳои гузашта ва сомон додани онҳо дар қолаби сохтори якпорча ва ҳамоҳанг буданд. Нахустин гомҳо дар масири ин сомондаҳӣ муқаддимаҳои кӯтоҳ ва баланде буд, ки бархе аз муфассирон бар тафсири худ навиштанд ва дар онҳо мавзӯъотеро аз синхи матолибе матраҳ карданд, ки баъдҳо “Улуми Қуръонӣ” ном гирифт.