Панҷоҳу панҷумин сураи Қуръони Карим “Арраҳмон” ном дорад. Ин сура бо 78 оят дар ҷузът 27 қарор гирифтааст. Дар макӣ ё маданӣ будани ин сура ихтилофи назар вуҷуд дорад. Сурае, ки дар тартиби нузул, наваду ҳафтумин сурае аст, ки бар Паёмбари Ислом(с) нозил шудааст.
Сура Арраҳмон мулаққаб ба арӯси Қуръон аст. Ин лақаб бар асоси ривояоте аст, ки аз Паёмбари Ислом(с) баён шудааст.
Номгузории ин сура ба номи “Арраҳмон”, ки яке аз номҳои илоҳӣ аст, аз калимаи оғозини сура гирифта шудааст.
Сураи Арраҳмон ҷаҳонро тобеъи назме медонад, ки ҳам инсон ва ҳам ҷин аз он истифода мекунанд. Ин сура ҷаҳонро ба ду бахши дунёи аз байн раванда ва дунёи мондагор тақсим мекунад. Дар ҷаҳони охират хушбахтӣ ва бадбахтӣ ва неъмат ва азоб аз ҳам ҷудо мешаванд.
Сура баён мекунад, ки тамоми ҳастии (дунё ва охират) дорои як низоми муртабит бо якдигар ҳастанд ва ҳар чӣ дар ҷаҳони ҳастӣ аст неъмати Худованди Мутаол аст аз ин рӯ 31 бор дар ин сура бо баёни бо шиддат аз инсонҳо ва ҷин мепурсад, ки فَبِأَيِّ آلَاءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ: “Кадомин неъматҳои Худоятонро инкор мекунед?”. Ба ҳамин ҷиҳат сура бо навъе аз бахшандагии Худованд, ки шомили ҳамаи мавҷудот мешавад, оғоз шуда ва бо ситоиши Худованд поён мепазирад.
Сураи Арраҳмон маҷмӯае аз неъматҳои Худо дар дунё ва охиратро бармешуморад. Ҳамчунин дар ин сура ба барпоӣ қиёмат ва вижагиҳои он ва чигунагии ҳисобрсии аъмол пардохта шудааст.
Дар ин сура таълими Қуръони Карим, офариниши инсон ва ҷин, офариниши гиёҳон ва дарахтон, офариниши осмон, ҳокимияти қавонин, офариниши замин бо вижагиҳояш, хилқати меваҳо, хилқати гулҳо ва гиёҳони муаттар, иттисоли ду дарёи шӯр ва ширин ва мавҷудоти дарёӣ аз ҷумла неъматҳои илоҳӣ баршумурда шудааст.
Дар идома, ба фурӯпошии низомҳои дунявӣ барпоӣ қиёмат, вижагиҳои қиёмат, чигунагии ҳисобрасӣ ба аъмоли дунёӣ инсон ва подошҳо ва муҷозотҳо ишора мекунад ва азобҳои ҷаҳаннамиён ва неъматҳои некӯкоронро бармешуморад. Аз ҷумла неъматҳои биҳиштӣ боғҳо, чашмаҳо, меваҳо, ҳамсарони зебо ва бовафо ҳастанд.
Аз ҷумла муҳимтарин нукоте, ки дар ин сура қарор гирифта, кӯчак тарин ояти Қуръони Карим аст, ки дар ояти 64 ин сура омада: مُدْهَامَّتَانِ: “Дарахтони он ду биҳишт дар мунтаҳои сабзӣ ва хуррамӣ аст” (Арраҳмон/ 64).
Ҳамчунин ояти 19 сураи Арраҳмон мефармояд: مَرَجَ الْبَحْرَيْنِ يَلْتَقِيَانِ: “Ду дарёро [ба гунае] равон кард [,ки] бо ҳам бархурд кунанд”. Ду дарёе, ки дар канори якдигар қарор гирифтаанд, аммо ба далели вижагиҳое, ки доранд дар ҳам намешванд. Муҳаққиқон мӯътақиданд ин оят ба ду дарёи Балтика ва дарёи Шимол дар Дания ишора дорад.