IQNA

Муаррифии тафсир ва муфассирон / 3

Тафсири Нур; Талоше барои осонфаҳм кардани Қуръон

21:39 - August 19, 2023
рақами хабар: 360
Теҳрон (ИКНА) тафсири Нур ба кулли сувари Қуръони Карим пардохтааст ва ба гуфтаи муаллиф, ҳадаф аз тадвини ин тафсир ин буда то дарсҳои аз Қуръонро ба сурати тахта сиёҳ ва паём даровард.

Дар даврони қадим, осоре, ки муфассирони ҷаҳони Ислом тавлид мекарданд барои мухотабони аҳли дониш ва мутахассисон буд. Аммо бархе аз муфассирон ва Қуръономузони даврони муосир ба ин фикр афтоданд, ки осоре барои умуми мухотабони Қуръон ироа кунанд то алоқамандон ба Қуръон битавонанд ба матни содда ва хулоса дар фаҳм оёти Қуръони Карим даст пайдо кунанд.

Яке аз осоре, ки бо ин ангеза тадвин шуда, “тафсири Нур” аст, ки ҳуҷҷатулислом валмуслимин Муҳсини Қироатӣ тадвин кардааст.

Дар бораи ҳуҷҷатулислом Муҳсини Қироатӣ

Муҳсини Қироатӣ дар соли 1324 шамсӣ (1945 мелодӣ) дар шаҳри Кошон воқеъ дар Эрон дида ба ҷаҳон гушӯд. Қироатӣ дар синни чаҳордаҳ солагӣ вориди ҳавзаи илмияи Кошон шуд ва пас аз гузашти яксол ба ҳавзаи Қум ва ҳавзаи Наҷаф рафт. Бештари шӯҳрати Қироатӣ марҳуни ҳузур дар барномаи “Дарсҳои аз Қуръон” аст, ки пахши он аз соли 1359 аз шабакаи як симои миллии Эрон оғоз шуд ва ҳамчунон идома дорад.

Муҳсини Қироатӣ дар ҳавзаи таълиф пуркор аст ва токунун беш аз 60 асар таълиф дар мавзӯъоти мухталиф аз ӯ ба чоп расидааст; Тафсири оёти дин ва зиндагӣ , 300 нукта дар мудирияти исломӣ, Тафсири Қуръон барои ҷавонон, Роҳи рушд, Ҳазоруа як нукта аз Қуръони Карим ва Яксаду панҷоҳ мавзӯъ аз Қуръон ва Аҳодис баъзе аз ин осор ҳастанд.

Шеваи нигориши тафсири Нур

Шеваи нигориш ва тадвини тафсири Нур, ки бо ҳамкории ҷамъе аз муҳаққиқин аз ҷумла Сайид Ҷаводи Биҳиштӣ, Маҳмуди Мутавассил, Ҳасани Даширӣ ва Раҳматуллоҳи Ҷаъфарӣ анҷом пазируфт, бад-ин сурат аст, ки дар ибтидо чанд нафар аз ҳамкорони муаллиф, нукоти тафсирҳои мунтахаб истихроҷ карда ва ба сурати мактуб дар ихтиёри муаллиф қарор медоданд. Ин тафосир иборатанд аз: Физзилолил Қуръон (навиштаи Сайиди Қутб), Мароғӣ, тафсири Кабир (Фахри Розӣ), тафсири Қуртубӣ, Маҷмаулбаён, Нурссақалайн, Софӣ, Алмизон, Намуна, Кашшоф, Атябулбаён ва Фурқон.

Муаллиф зимни мутолиаи онҳо, худ низ ба таҳқиқ пардохта ва бо таваҷҷуҳ ба ниёзҳои динии ҷомеа, паёмҳои роҳбурдии Қуръонро барои насли имрӯз дар қолаби нукот ва паёмҳои оят, бо насри содда ва равон менавишт ва дар бархе маворид бардоштҳои худро бо бархе бузургони ҳавзаи мавриди баҳс ва табодули назар қарор медод. Навиштаҳои ӯ пас аз ироа дар барномаи Оинаи ваҳйи радио, виросторӣ шуда ва қабл аз чоп якбор мавриди бозбинии ниҳоӣ қарор гирифт.

Аз ҷумла имтиёзоти тафсири Нур ин аст, ки истилоҳоти фаннии, адабӣ, фиқҳӣ, каломӣ ва фалсафӣ дар он ба кор нарафта ва танҳо дарсҳое аз Қуръон, ки қобили тарҷума ба забонҳои зиндаи дунё ба сурати тоблу ва паём бошад, овардашудааст.

Нуктаи дигар инки бештари паёмҳо ва дарсҳо аз мутуни тафосири шиа ва суннӣ истифода шудааст ва бархе нукот аз муаллиф ё ҳамкорон будааст. Вижагии дигари ин асар дар ин аст, ки бо вуҷуди ихтисор, дороӣ баҳсҳои мавзӯӣ низ ҳаст.

Дар як ҷумлаи ин тафсир ба забони содда ва равон ва қобили истифода барои умум нигошта шуда ва шомили ҳамаи оёти Қуръони Карим буда ва муҳиммтарин вижагии он паёмҳои кӯтоҳ ва корбурдӣ аст, ки роҳгушои зиндагӣ ва қобили тарҷума ба забонҳои зиндаи дунё аст.

captcha