Ба гузориши ИҚНО ба нақл аз сомонаи «Ал-Кафил», Ҳарами Муқаддаси ҳазрати Аббос (а) китобҳои Қуръон, дуо ва зиёратномаҳоро барои истифодаи зоирон дар маросимҳои зиёратии густарда омода кардааст.
Сайид Ҳусейн Мӯсавӣ, раиси бахши идораҳо ва утоқҳои вобаста ба қисмати омодасозӣ дар ин Ҳарам гуфтааст, ки кормандони онҳо ба ҷуз аз омодасозии мақоми ҳазрати Имом Маҳдӣ (аҷ), наздик ба ҳафт ҳазор нусха Қуръон, китобҳои дуо ва зиёратро барои саҳни Ҳарами ҳазрати Абулфазли Аббос (а) ва зеризаминҳои он омода кардаанд.
Ӯ афзуд, ки айни ҳол ин шӯъба саҳни муқаддас ва зеризаминҳои онро бо тақрибан 15 ҳазор нусхаи Қуръон, китобҳои зиёрат ва дуо барои зиёратҳои сершумори маросимӣ, ба монанди Ошӯро, Арбаин (40-рӯзи шаҳодати Имом Ҳусейн), нисфи моҳи Шаъбон, рӯзи Арафа ва дигар маросимҳои мазҳабӣ, муҷаҳҳаз мекунад.
4294999