IQNA

Муаррифии тафсир ва муфассирон / 4

Тафсири "Тасним" Муфассалтарин тафсир дар таърихи Ислом

22:45 - August 20, 2023
рақами хабар: 362
Теҳрон (ИНКА) тафсири "Тасним" муфассалтарин тафсири Қуръони Карим аст, ки аз садри Ислом то имрӯз навишта шудааст, ки натиҷаи ҷаласоти тафсирии Оятуллоҳ Абдуллоҳи Ҷаводии Омулӣ, тайи 40 сол аст ва илова бар се манбаи аслии худ яъне Қуръон, суннат ва ақл, аз адабиёти Араб ва каломи фалосифа ва урафо барои баёни тафсири худ баҳра гирифтааст.

"Тафсири Тасним" яке аз муфассалтарин тафосир ё ҳатто муфассалтарин тафсири Қуръони Карим аст, ки аз садри Ислом то имрӯз навишта шудааст. Номи ин асар аз ояти 27 ва 28 сураи Мутаффифин гирифта шудааст: وَمِزَاجُهُ مِنْ تَسْنِيمٍ عَيْنًا يَشْرَبُ بِهَا الْمُقَرَّبُونَ; "Ва таркибаш аз [чашмаи] Тасним аст чашмае, ки муқаррабони [Худо] аз он нӯшанд".

Ин асари бузург натиҷаи ҷаласоти тафсирӣ аст, ки аз соли 1359 оғоз шуд ва пас аз чиҳил соли мутаволӣ, дар фарвардинмоҳи соли 1399 ба поён расид. Токунун шасту се ҷилд аз Тасним равонаи бозори нашр шудааст ва интизор меравад теъдоди муҷалладот ба ҳудуди ҳаштоду панҷ ҷилд бирасад. Исиско ин тафсирро дар соли 1385 ба унвони "Таҳқиқи бартар дар арсаи мутолиоти исломӣ ва "Қуръон" баргузид.

Вижагиҳои "Тасним"

Тафсири тасним аз тафосири тартибии Қуръон ба забони форсӣ аст. Равиши меҳварии ин тафсир мушобеҳи тафсири Ал-Мизон, "Қуръон ба Қуръон" аст. Муфассир дар канори се манбаи аслии худ яъне Қуръон, суннат ва ақл дар мавориди пуршуморе аз адабиёти Араб ва каломи фалосифа ва урафо барои баёни муроди худ баҳра гирифтааст.

Равиши тафсири Тасним "равиши иҷтиҳодии ҷомеъ" ва дар бардорндаи "Қуръон ба Қуръон", "Қуръон ба суннат" ва "Қуръон ба ақл" маҳсуб мешавад. Коромадтарин равиш дар миёни инҳо "Тафсири Қуръон ба Қуръон" аст, зеро муҳиммтарин манбаъи тафсир, худи Қуръон аст, ки баёнкуннда ва шоҳиди худ аст. 

Ба бовари муфассири Тасним, тафсири Қуръон ба Қуръон, шеваи тафсири Паёмбари Акрам(с) ва Аҳли байт(а) аст, ки аз ҳар хатои назарии маъсум ва аз ҳар лағзиши амалӣ масун буда ва дар натиҷа пайравӣ аз онон лозим, ҳаётофарин ва наҷотбахш аст.

Чорчуби ироаи мӯҳтаво

Шеваи тадвини китоб чунин аст, ки муаллиф нахуст оят ё оёт меовард ва сипас тафсири онро дар 4 меҳвар баён мекунад: 1- гузидаи тафсир; 2- тафсир; 3- нукот ва ишорот; 4- баҳси ривоӣ.

Муфассир пас аз овардани оят ё оёт, гузидае аз тафсирро баён ва сипас аз манобеи адабиёти Араб истифодаи бисёре карда ва маънои оятро муфассал баррасӣ мекунад. Марҳилаи севум ё бахши севум бо ном "нукот ва ишорот" омада, ки иҷтиҳодитарин бахши тафсир аст. Қудрати таҳлил, тасаллут бар ирфон ва тавоноӣ муфассир дар фалсафа ба хубӣ дар ин бахш ошкор шудааст. Дар баҳси ривоӣ, ки охирин бахш аз гуфтори муфассир дар ҳар фасл аст, ривоётро табақабандӣ карда ва дар поён ба ҷамъбандӣ пардохта ва онро таҳти унвони "Ал-Ишора" овардааст.

Зиндагии муаллиф 

Абдуллоҳ Ҷаводии Омулӣ (мутаваллиди 1933 мелодӣ) файласуф, фақеҳ, муфассири Қуръон, мударриси ҳавзаи илмияи Қум ва аз мароҷеи тақлиди шиа дар давраи муосир аст. Ӯ аз шогирдони Оятуллоҳи Буруҷердӣ, имом Хумайнӣ ва Алломаи Таботабоӣ буда ва ҳудуди шаст сол дар ҳавзаҳои илмияи Қум ва Теҳрон, дар заминаи улуме чун фалсафа, ирфон, фиқҳ ва тафсир тадрис ва таълиф доштааст.

 

captcha