Ба гузориши ИҚНО ба нақл аз «Туркия Тудей», ин созишнома дар як маросим дар қароргоҳи марказии Идораи бунёдҳои Туркия дар Анқара ба имзо расид — як қадами муҳиме дар роҳи нигоҳдорӣ аз меъмории чандсадсолаи Усмонӣ дар минтақаи Балкан.
Ин ҳамкории фарҳангӣ фарогири таъмири масҷиди Абӯбакр дар шаҳри Ямбул ва масҷиди Сорӣ Ҳусейн Пошо дар шаҳри Провадия мебошад, ки ҳарду дар Булғористон ҷойгиранд.
Синан Оқсӯ, раиси Идораи кулли бунёдҳои Туркия, гуфт:
"Ин ҳамкорӣ танҳо як бозсозии меъморӣ нест — мақсади аслии мо эҳёи мероси фарҳангии муштарак ва ҳифзи хотираи таърихии ду кишвар аст."
Ӯ афзуд: "Корҳои таъмирии масҷиди Сорӣ Ҳусейн Пошо ва Абӯбакр ба зудӣ оғоз мешаванд ва мо кӯшиш мекунем, ки нақши аслии таърихии онҳоро нигоҳ дорем."
Масҷиди Сорӣ Ҳусейн Пошо дар соли 1703 сохта шудааст ва наздики маркази шаҳри Провадия қарор дорад.
Масҷиди Абӯбакр низ дар масофаи тақрибан 100 километрии шаҳри Эдирна, дар наздикии марзи Булғористон ҷойгир аст ва гумон меравад, ки дар оғози ҳукмронии Усмониҳо дар Балкан бунёд шудааст.
4296000