Ба гузориши ИҚНО ба нақл аз алъилм, ин ҷашнвора рӯзи ҷумъа, 3-уми мурдод (мувофиқ бо 26-солагии подшоҳии Малик Муҳаммади шашум, подшоҳи Марокаш) оғоз шуда, бо ташаббуси Шӯрои илмии маҳаллӣ ва ҳайати минтақаии корҳои исломии шаҳри Ҳусайма ташкил шуд. Дар ҷараёни он, ҳофизон ва қориёни беҳтарин Қуръон дар Марокаш расман тақдир гардиданд.
Барномаҳои ҷашнвора чанд рӯз идома дошт ва инҳоро дарбар мегирифт:
Роҳандозии корвони Қуръонӣ дар кӯчаҳои шаҳр,
Гузаронидани намоишгоҳи китобҳо ва нашрияҳои динӣ,
Баргузории семинарҳо ва кори омӯзишӣ барои кӯдакон дар мавзӯи хаттотии марокашӣ ва навишти суннатии Қуръонӣ,
Ва гузаронидани семинарҳои илмӣ ва динӣ.
Дар ин ҷашнвора мақомдорони маҳаллӣ, шахсиятҳои низомӣ, қазоӣ ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат карданд. Ин рӯйдод фурсате буд барои арҷгузорӣ ба чеҳраҳои пешсаф ва фаъолони барҷастаи Қуръонӣ, ки дар пешбурди барномаҳои фарҳангӣ ва динӣ саҳми муҳим доранд.
Тақсими нусхаҳои тарҷумаи Қуръон:
Дар рафти барнома, барои тақвияти иртиботи марокашиҳои муқими хориҷ бо каломи ваҳй, нусхаҳои тарҷумаи Қуръон миёни онҳо тақсим карда шуд.
Тақдири як зани солманд:
Яке аз қисматҳои ҷолиби барнома – қадрдонии як зани солманд буд, ки дар барномаҳои саводомӯзӣ ва омӯзиши Қуръон ширкат дошт. Ин иқдом бо ҳадафи таъкиди аҳамияти илмомӯзӣ ва пойбандӣ ба арзишҳои исломӣ анҷом ёфт.
Изҳороти масъулин:
Муҳаммад Уриёғл, раиси Шӯрои илмии маҳаллӣ гуфт:
«Ин ҷашнвора як чорабинии муваққатӣ нест, балки як рӯйдоди махсус аст, ки нишон медиҳад, чи қадар Марокаш бо раҳбарии оқилонаи подшоҳаш ба ҳифзи Қуръон ва фаъолони Қуръонӣ аҳамият медиҳад.»
Муҳаммад Фаҳим, намояндаи корҳои исломии минтақаи Ҳусайма низ гуфт:
«Ин ибтикор (ташаббус) барои реша давонидани муҳаббат ба Қуръон миёни кӯдакон ва ташвиқи оилаҳо ба номнавис кардани фарзандонашон дар мактабхонаҳо ва марказҳои Қуръонӣ ба роҳ монда шуд.»
4296719