IQNA

Бозтоб ё инъикоси умқи фоҷиаи инсонӣ дар Навори Ғазза дар як навори асири сӯҳюнист + видео

13:11 - August 03, 2025
рақами хабар: 3682
Нашри як навори видеоӣ аз тарафи гурӯҳи "Қасом" — шохаи низомии Ҳамос, ки дар он яке аз асирони исроилӣ дар ҳолати хеле вазнини ҷисмонӣ нишон дода мешавад, ба гуфтаи бисёре аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, инъикоси равшани умқи фоҷиаи инсонӣ дар Навори Ғазза аст.

Бино ба гузориши "ИКНО" аз Маркази иттилоърасонии Фаластин, гурӯҳи Қасом як навори навро бо номи «Онҳо ҳамон чизро мехӯранд, ки мо мехӯрем» нашр кардааст, ки дар он вазъи асирони исроилӣ дар Ғазза нишон дода мешавад.

Дар ин навор, гурӯҳи Қасом вазъи кӯдакон ва мардуми ғайринизомии Фаластинро, ки дар натиҷаи муҳосира, гуруснагӣ ва камбуди шадиди ғизо ба сахтӣ рӯз мегузаронанд, бо вазъи асирони исроилӣ муқоиса мекунад. Дар навор гуфта мешавад, ки: "Асирони сӯҳюнист ҳамон чизеро мехӯранд ва менӯшанд, ки мардум дар Ғазза мехӯранд ва менӯшанд."

Ҳамзамон дар видео таъкид мешавад, ки қарор буд ин асирон тибқи як созиш озод карда шаванд, вале режими ишғолгари сӯҳюнистӣ ба ҷои ин тасмим гирифт, ки онҳоро дар муҳосираи гуруснагӣ нигоҳ дорад.

Дар бахше аз видео суханони Бинямин Натаняҳу, нахуствазир ва Итамар Бен-Гвир, вазири амнияти дохилии режими сӯҳюнистӣ низ оварда шудааст, ки дар он онҳо идомаи бомбаборон ва гурусна нигоҳ доштани мардуми Ғаззаро тавсия медиҳанд, ҳатто бетафовут ба вазъи асирони худ.

Ин навори видеоӣ, ки дар он яке аз асирони исроилӣ дар ҳолати бисёр бади ҷисмонӣ дида мешавад, ба шакли густарда дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд ва вокуниши зиёд ба бор овард.

Бисёре аз корбарон, ин саҳнаро як тасвири равшан аз умқи фоҷиаи инсонӣ дар Ғазза донистанд — минтақае, ки моҳҳост зери муҳосираи шадид қарор дорад ва сокинонаш бо гуруснагӣ, беморӣ ва фақр даст ба гиребонанд.

код

4297629

captcha