Бино ба гузориши Иқно, нақл аз Мидл Ист Ньюз, баъди паҳн шудани хабарҳо дар бораи он ки баъзе ниҳодҳои сиёсӣ ва хизмати ҷамъиятӣ акси Оятуллоҳ Систониро дар баннерҳо ва постерҳо, ки дар кӯчаҳо ва махсусан дар роҳрави зоирони Имом Ҳусайн (а) овехта буданд, истифода мебаранд дафтари эшон бо нашри як баёния норозигии худро аз ин амал баён кард.
Дар ин баёния омадааст: дида мешавад, ки баъзе аз ниҳодҳои сиёсӣ ва хизматрасон акси ҳазрати Оятуллоҳро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва махсусан дар роҳпаймоии Арбаин ба даст мегиранд ё овезон мекунанд.
Ин баёния таъкид мекунад: мо бори дигар зидди чунин амалҳо ҳастем ва аз ҳамаи афрод хоҳиш мекунем, ки аз чунин корҳо худдорӣ намоянд. Ҳамчунин, аз мақомот ва ниҳодҳои дахлдор мехоҳем, ки дар ин самт чораҳои лозимаро биандешанд.
4297926