Ба гузориши манобеи хабарӣ, маросими ихтитомияи шасту севумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони Малайзия асри рӯзи панҷшанбе, дар шаҳри Куала-Лумпур баргузор ва натоиҷи қадимитарин рӯйдоди рақобати дунё дар ҳавзаи Қуръони Карим маълум шуд.
Бар ҳамин асос намояндаи кишвари мизбон рутбаи аввалро ба даст овард ва Алиризо Бежанӣ, намояндаи Ҷумҳурии Исломии Ирон дар риштаи қироат таҳқиқи ин давра аз мусобиқот рутбаи дувумро касб кард ва ҳамчунин намояндаи кишвари Бруней рутбаи севумро ба даст овард.
Ёдовар мешавад Алиризо Бежанӣ, намояндаи Эрон дар шасту севумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони кишвари Малайзия сешанбе шаб 31 мурдодмоҳ тиловати худро дар ин мусобиқот анҷом дод, ки ба изъони бисёре аз коршиносон ва асотид яке аз беҳтарин тиловатҳои қорёни эронӣ дар ин мусобиқот токунун будааст. Ин тиловат ба ҳадде ҳозирон дар салони мусобиқотро ба ваҷд овард, ки илова бар ташвеқҳои мустамиъин дар тӯли тиловат, шоҳиди даст задани онҳо дар поёни тиловати намояндаи Эрон будем.