IQNA

Сураҳои Қуръон / 59

Паймон шикании яҳудиён дар баробари мусулмонон дар сураи “Ҳашр”

21:24 - August 26, 2023
рақами хабар: 378
Теҳрон (ИКНА) пас аз муҳоҷирати мусулмонон ба шаҳри Мадина дар замони Паёмбари Ислом(с), гурӯҳҳое аз яҳудиён, ки дар ин шаҳр зиндагӣ мекарданд бо мусулмонон ҳампаймон шуданд то дар замони ҷанг якдигарро ҳимоят кунанд; Яҳудиён паймоншиканӣ карданд ва бо душманони мусулмонон ҳамроҳӣ карданд, ки боиси ронда шудани яҳудиён аз ин сарзамин шуд.

Панҷоҳу нӯҳумин сураи Қуръони Карим “Ҳашр” ном дорад. Ин сура бо 24 оят дар ҷузъи бисту ҳаштум қарор гирифтааст. Ҳашр, ки сураи маданӣ аст, дар тартиби нузул саду якумин сурае аст, ки бар Паёмбари Ислом(с) нозил шудааст.

“Ҳашр” дар луғат ба маънои ҷамъ кардан ҳамроҳ бо рондан ё берун кардани гурӯҳе аз хонаҳояшон ба манзури ширкат дар ҷанг ва монанди он аст ва дар ояти дувуми ин сура ба берун рондани яҳудиёни қабилаи бани Назир аз сарзаминашон Мадина ишора дорад.

Бани Назир аз қабилаҳои яҳудии сокини Мадина дар замони ҳиҷрати Паёмбари Ислом (с) ба шаҳри Мадина буд. Дар он ҳангом бани Назир бо мусулмонон паймон бастанд, ки дар сурати ҳамлаи душманон ба Мадина, дар канори мусулмонон ба дифоъ бипардозанд, аммо бани Назир ба паймони худ амал накард ва Паёмбари Ислом (с) ба ҷанги бо онон пардохт. Дар ниҳоят бани Назир шикаст хӯрд ва аз Мадина ронда шуд.

Мавзӯъоти ин сура ба сурати куллӣ шомили муаррифии Худо аз тариқи номҳо ва сифоти некӯ, баёни аҳком ва муқаррароти ҷанг дар Ислом, хатари Яҳуд ва мунофиқон ва пайванди онҳо бар зидди ислом, фаромӯшии Худо ва паёмадҳои он, тасбеҳи умумии мавҷудот ва таъсири Қуръон дар поксозии рӯҳ ва ҷони инсон мешавад.

Сураи Ҳашр бо тасбеҳ ва ниёиши илоҳӣ яъне “Саббаҳа Лиллоҳ” оғоз мешавад. Ин мавзӯъ муқаддимае барои мабоҳиси мухталифи ин сура ба шумор меравад; Сухан аз тасбеҳ ва ситоиши умумии мавҷудот дар баробари Худованди бузург ва ҳаким аст.

Дар идома ба моҷарои даргирии мусулмон бо яҳудиёни паймон шикани Мадина ва набарди мусулмонон бо яҳудиён ва ронда шудани онҳо аз Мадина ишора мекунад. Тибқи оёти ин сура, касе тасаввур намекард, ки мусулмонон тавони шикаст ва берун кардани яҳудиёни паймон шиканро дошта бошанд, аммо Худованд тарсе бар дилҳои онҳо андохт, ба гунае, ки хонаҳояшонро бо дасти худашон хароб карданд.

Ба баҳонаи шаклгири ин ҷанг, ки бидуни даргирӣ ба поён расид, ба аҳкоми тақсими амвол ва ғаниматҳои ҷангӣ мепардозад, ва ҳамчунин мунофиқонро сарзаниш карда ва рафторҳои хиёнат омези онон дар баробари мусулмононро ифшо мекунад.

Дар бахши кӯтоҳе низ ба тавсифи Қуръони Карим ва баёни таъсири он дар поксозии рӯҳ ва ҷони инсон пардохтааст ва дар ниҳоят қисмати муҳимме аз вижагиҳои ҷамол ва ҷалоли Худо ва асмои ҳуснои Ӯро бар мешуморад, ки ба инсон дар масири шинохти Худованд кумак мекунад.

captcha