IQNA

Муаррифии тафсир ва муфассирин / 5

“Ал-Фурқон”; Тафсире, ки таҳсини Аллома Таботабоиро барангехт

21:45 - August 26, 2023
рақами хабар: 379
Теҳрон (ИКНА) яке аз тафосири муосир, ки тавониста аз ҷиҳоти мухталифе мавриди таҳсин қарор гирад ва назари аҳли илмро мутаваҷҷеҳи худ созад тафсири “Ал-Фурқон” асари Содиқи Теҳронӣ аст.

Яке аз тафосири муосир, ки тавониста аз ҷиҳоти мухталифе мавриди таҳсин қарор гирад ва назари аҳли илмро мутаваҷҷеҳи худ созад тафсири “Ал-Фурқон” асари Содиқи Теҳронӣ аст. “Ал-Фурқон” як давра тафсири комили куллии оёти Қуръони Карим аст, ки дар 30 ҷилд, тайи 14 сол ба забони арабӣ таълиф шудааст. Нақл аст Аллома Таботабоӣ бо дидани чанд ҷилди ин тафсир, онро мӯҷиби равшании чашм ва мояи ифтихор донистааст.

Дар бораи нависандаи “Ал-Фурқон

Муҳаммад Содиқи Теҳронӣ (1926-2011 мелодӣ) фақеҳ ва муфассири шиа дар давраи муосир буд. Содиқи Теҳронӣ илова бар фаъолияти илмӣ, аз муборизини сиёсӣ буд, ки дар соли 1962 мелодӣ ба сабаби суханронии тунд дар масҷиди Аъзами Қум алайҳи Муҳаммадризо паҳлавӣ, таҳти таъқиб қарор гирифт. Ӯ ҳабдаҳ сол дар кишварҳои Арабистон, Ироқ ва Лубнон дар канори фаъолитҳои илмӣ, алайҳи ҳукумати паҳлавӣ фаъолият мекард ва пас аз пирӯзии Инқилоби Исломии Эрон дар бархе шаҳрҳо намози ҷумъа барпо кард, аммо баъдҳо то охири умр фақат ба таълиф ва тадрис иштиғол дошт. Ӯ таълифоти бисёре дорад, ки тафсири сӣ ҷилдии “Ал-Фурқон  фи тафсирил-Қуръони бил-Қурони ва сунна” яке аз таълифоти ӯст.

Вижагиҳои тафсир

Равиши тафсири Содиқи Теҳронӣ равиши Қуръон ба Қуръон аст. Ӯ сароҳатан эълом мекунад: «ҳамаи шеваҳои тафсирӣ нодуруст аст, ҷуз шеваи тафсири Қуръон ба Қуръон ва ин ҳамон шеваи тафсири Паёмбар(с) ва имомон(а) аст. Бар муфассирон лозим аст, ки ин равиши тафсириро аз муаллимони маъсум фарогиранд ва дар тафсири оёт ба кор банданд».

Дар ҷои дигаре менависад: «равишҳои тафсирӣ, аз ду ҳолат берун нестанд; Ё тафсири Қуръон бо Қуръон ҳастанд ва ё тафсири Қуръон бо раъй».

Нуктаи дигар инки Содиқи Теҳронӣ кулли Ал-Фурқонро ба таври комил ва бидуни истисно пас аз тадаббур ва тадрис ба ду забони арабӣ ва форсӣ ва баррасии дақиқ ва мукаррари оёт, таълиф кардааст ва ба ҳамин хотир ҷузви аввалин тафосире аст, ки пас аз тадриси комили тафсири кулли оёти Қуръон, навишта шудааст.

Масоили иҷтимоӣ

Яке аз вижагиҳои Ал-Фурқон пардохтан ба масоили иҷтимоӣ аст.

Яке аз вежагиҳои муҳимми тафсири Ал-Фурқон, ки шояд битавонем бигӯем дар ҳеҷ тафсири дигаре вуҷуд надорад, истифода аз мутуни аҳдайн аст. Нақли мутуни аҳдайн дар ростои ду ҳадафи куллӣ сурат гирифтааст: яке таъйиди мафоҳим ва гузоришҳои қуръонӣ монанди башоратҳои Паёмбар ва достонҳои бани Исроил ва дигар нақли ноҳамгуниҳо ва таҳрифҳои мавҷуд дар аҳдайн. Дар заминаи достонҳои таърихӣ ва қисаси Паёмбарон, муфассир бар ин бовар аст, ки набояд поро фаротар аз ончи оёт матраҳ карда гузошт ва набояд вориди ҷузъиёт шуд.

captcha