Бино ба гузориши ИҚНО ва ба нақл аз равобити умумии дафтари таблиғоти исломии Исфаҳон, Ҷавод Ҳайдарӣ, коршиноси калом ва ақида аз Маркази посухгӯии саволҳои динӣ дар Исфаҳон, дар матлабе ин мавзӯъро шарҳ додааст, ки оё воқеаҳо мисли гирифтани офтобу моҳ метавонанд нишондиҳандаи рӯй додани ҳодисаҳои бад бошанд? Дар поён муҳтавои пурраашро мехонем.
Имшаб, 16-уми Шаҳривари соли 1404 (баробар бо 7-уми сентябри 2025), ҳодисаи хусуф (гирифтани моҳ) рух медиҳад. Ин боис шудааст, ки бархе аз афроди фурсатталаб ва манфиатҷӯ кӯшиш доранд мардумро битарсонанд ва бигӯянд, ки "хатаре бузург ва моҳи хунин дар пеш аст!" Барои фаҳмондани дурустии масъала, чанд нуқтаро бояд донем:
Нуктаи аввал:
Дар гузашта, гирифтани ногаҳонии моҳ ё офтобро аломати хашми Худо медонистанд ва ҳар фоҷеае ки баъд аз он рух медод, ба шӯмии хусуф ё кушуф рабт медоданд.
Аммо имрӯз, бо роҳнамоиҳои мактаби Аҳли Байт (а) ва пешрафти илм медонем, ки ин ду падида як зебоии табиии кайҳонӣ ҳастанд ва ҳеҷ рабте ба ҳодисаҳои бад надоранд.
Нуктаи дуюм:
Агар ба ривоятҳои Аҳли Байт (а) нигоҳ кунем, маълум мешавад, ки ҳодисаҳои табиӣ мисли хусуф, кушуф, заминларза ва монанди он як навъ огоҳӣ ва панд барои мардуманд.
Мақсад аз ин ҳодисаҳо он аст, ки одамон аз Худо тарс дошта бошанд ва аз гуноҳҳо даст бикашанд. (Баҳорул-анвор, ҷилди 57, саҳифаи 130)
Нуктаи сеюм:
Гирифтани моҳ як нишонаи Худост, ва вақте ки чунин ҳодиса рӯй медиҳад, хондани намози оят воҷиб мешавад.
Нуктаи чаҳорум:
Бо таваккал ба Худованди қодир ва ҳаким, додани садақа ва қироати оятҳои нуронии Қуръон, метавонем тарс ва нигарониҳоро кам кунем.
4303779