Шавоҳиди таърихӣ гуёи баргузории ҷаласоти тафсири вижаи бонувон дар қуруни аввалияи исломӣ аст, аммо вақте феҳристи муфассирони номдори 14 қарни гузаштаро мурур кунем танҳо бонуе, ки нисбат ба нигориши тафсири комиле аз Қуръон аҳамият додааст Сайида Нусрат Амин, бонуи муфассир ва фақиҳи Исфаҳон (яке аз шаҳрҳои Эрон)аст. Тафсири “Махзан-ул-ирфон” асари бонуи Амин дар 15 ҷилд ва ба забони форсӣ нигориш шудааст.
Дар бораи нависанда
Сайида Нусрат Амин бегими исфаҳонӣ маъруф ба бону Амин (1308-1403 қамарӣ) (1890-1982 мелодӣ), дорои дараҷаи иҷтиҳод (болотарин дараҷаи илмӣ дар дониши фиқҳи исломӣ) буд.
Аз ҷумлаи хадамоти ин бонуи муҷтаҳида, таъсиси мактаби миёнаи духтарона, тарбияти шогирдон, таъсиси ниҳоди илмӣ барои хоҳарон дар Исфаҳон ва навиштани чандин китоб дар мавзӯъоти мухталиф аз ҷумла тафсире ба номи “Махзан-ул-ирфон” буд.
Вижагиҳои Махзан-ул-ирфон
Тафсири Махзан-ул-ирфон аз тафосири ҷомеи Қуръон ба шумор меояд, ки ба сабки баёнӣ ва таҳлилӣ ба тафсири оятҳо пардохтааст. Рӯйкарди аслии ин тафсир, ахлоқӣ ва ирфонӣ аст.
Шиваи баёни масоил дар ин тафсир, чунин аст, ки муаллиф дар оғоз, тарҷумаи дастае аз оятҳоро оварда, сипас вориди тафсир мешавад ва бо баёни содаву қобили фаҳм, паёми Қуръонро ташреҳ мекунад.
Ғалабаи нигоҳи ирфонӣ дар Махзан-ул-ирфон
Чуноне, ки ишора шуд рӯйкарди аслӣ дар тафсири “Махзан-ул-ирфон” ҷанбаи ахлоқӣ ва тарбиятӣ аст. Муфассир дар ин асар мекӯшад, тарбияти нафси инсонӣ ва дур кардани он аз моддиёт ва наздик кардан ба зоти Худовандро дунбол кунад.
Вай дар баёни мақоми илоҳии инсон назди Парвардгор мегӯяд: “Аз яке аз урафо пурсиданд Худоро ба чӣ чиз шинохтӣ? Гуфт ба ин шинохтам, ки ҳар вақт қасди гуноҳ мекунам, азамати Худовандро ба ёд меоварам ва аз гуноҳ парҳез мекунам. Муҷтаҳидаи Амин дар тафсири худ аз тафосири шиа ва суннӣ баҳра бурда ва каломи онҳоро зикр кардааст. Аз ҷумла тафосири мавриди истифодаи ӯ метавон ба тафсири Мулло Садро, Маҷма-ул-баён, Тафсири Қумӣ, Равз-ул-ҷанон ва рӯҳ-ул-ҷанон, Мафсири Айёшӣ, Кашф-ул-асрор, Минҳаҷ-у-ссодқин, Ал-Мизон, Ал-Бурҳон, Ҷавоҳир-ул-тафсир, Рӯҳ-ул-баён, Тафсири Байзовӣ ва Дурр-ул-мансур (Эмом Сиютӣ) ишора кард. Вай дар байни гуфтаҳояш аз муфассирони саҳоба ва тобеин чун Ибни Аббос, Ибни Масъуд ва Акрма низ баҳра гирифтааст.