
Ба гузориши икно ба нақл аз alkompis, ин маросим рӯзи шанбе, 26-уми урдибиҳишт, бо ҳаматории нашриёти Sakina förlag ҳамчун бахше аз як лоиҳаи байналмилалӣ ва бо ҳамкории бунёди Росто дар Малайзия баргузор гардид.
Аъзои ҳайати дипломатии арабиву исломӣ дар Шветсия, ҳамроҳ бо намояндагони анҷуманҳо ва созмонҳои исломӣ, дар ин рӯйдод ширкат карданд ва дар ҳошияи он намоишгоҳи дастнависҳо ва ҳунари исломӣ низ баргузор шуд.
Қайс Атоуллоҳ, аз масъулони нашриёти Сакина, дар ин маросим гуфт, ки идеяи ин лоиҳа соли 2007 ба таври мухтасар аз тариқи як саҳифа дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо ҳадафи хариди нусхаҳои тарҷумашудаи Қуръон ва тақсими онҳо дар доираи маҳдуде аз шиносон ва дӯстҳо оғоз шуд.
Вай афзуд, ки ин нашриёт солҳо талош кард ҳаққи нашри тарҷумаҳоро аз нашриёти шведӣ, ки соҳиби имтиёз буд, ба даст оварад, аммо ҳазинаи он хеле баланд буд.
Атоуллоҳ тавзеҳ дод, ки ин лоиҳа дар ниҳоят ба шарофати кӯмакҳои молӣ муваффақ шуд ҳаққи нашрро бихарад ва яке аз аввалин сармоягузорон бозигари маъруфи футболе будааст, ки беш аз 100 ҳазор крон (воҳиди пули Шветсия) кӯмак кардааст ва хостааст номаш фош нашавад.
Ин тарҷумаи шведии Қуръон дар Маҷмаъи нашри Қуръон дар шаҳри Путражаяи Малайзия, ки дувумин маркази бузурги тахассусии чопи Қуръон дар ҷаҳон аст, чоп шудааст.
Ин маҷмаъ бахше аз тарҳи ҷаҳонии Малайзия барои чоп ва тақсими як миллион нусха ба беш аз 50 забон мебошад.
Ба гуфтаи масъулони лоиҳа, 20 ҳазор нусха ба Шветсия ихтисос дода хоҳад шуд, то дар масҷидҳо, муассисаҳо ва миёни шаҳрвандони шведӣ дар саросари кишвар тақсим гардад.
Нашриёти Сакина масъули нашри маҳаллӣ, таъмини сифат ва тақсимот дар Шветсия аст.
Масъулони иҷроии лоиҳа мегӯянд ҳадафи аслии ин ибтикор тарғиби паёми фарогири ислом, ташвиқ ба тиловати мунтазами Қуръон ва пешниҳоди як нусхаи тарҷумашуда аз Қуръон барои кӯмак ба сухангӯёни шведӣ дар дарки беҳтари маънои он аст.
Ин тарҷумаи вижаи Қуръон ба забони шведӣ аз ҷониби Муҳаммад Канут Бернстрём анҷом шудааст; ӯ аз соли 1976 то 1983 ба ҳайси сафири Шветсия дар Марокаш хизмат мекард ва пас аз пазируфтани ислом ва интихоби номи Муҳаммад, ин тарҷумаро анҷом дод.
Бернстрём ҳамчун соҳиби яке аз маъруфтарин тарҷумаҳои Қуръон ба забони шведӣ шинохта мешавад, ки бори аввал дар охири даҳаи 1990 бо унвони “Koranens Budskap” («Паёми Қуръон») мунташир шуд.
Тарҷумаи Бернстрём яке аз барҷастатарин тарҷумаҳои тасдиқшудаи маънои Қуръон ба забони шведӣ ба шумор меравад ва нашри нав ҳамчун бахше аз талошҳо барои муосирсозии чоп ва густариши тақсими он миёни сухангӯёни шведӣ дар дохили ин кишвар пешниҳод шудааст.
4352724