IQNA

Пешрафтатарин низомҳои сардкунӣ ва равшанидиҳии ҷаҳон дар Ҳарамайни Шарифайн

4:55 - May 25, 2026
рақами хабар: 4662
Мақомоти Арабистон эълон карданд, ки барои хизматрасонии беҳтар ба зиёратиён Ҳаҷ, низомҳои азими сардкунӣ ва равшанидиҳии ҳушмандро дар Масҷиди Ҳаром ва Масҷиди Набавӣ ба кор гирифтаанд; низомҳое, ки аз бузургтарин маҷмӯаҳои хунуккунӣ ва равшанӣ дар ҷаҳон ба шумор мераванд ва бо технологияҳои пешрафта, осудагӣ ва амнияти миллионҳо ҳоҷӣ-ро таъмин мекунанд.

Ба гузориши икно ба нақл аз хабаргузории расмии Арабистон «ВОС»; Созмони идораи умури Масҷиди Ҳаром ва Масҷиди Набавӣ дар баёнияе эълон кард, ки бо истифода аз навтарин технологияҳои рӯзи ҷаҳон, зерсохтҳои техникии ва амалиётии Ҳарамайни Шарифайн барои мавсими Ҳаҷи имсол тақвият дода шудааст, то муҳити амн, ором ва муносиб барои ибодати зиёратён фароҳам шавад.

Бар асоси ин баёния, Масҷиди Ҳаром ҳоло мизбони яке аз бузургтарин низомҳои сардкунии ҷаҳон бо иқтидори умумии 155 ҳазор тонна сардшавӣ аст. Ин иқтидор миёни ду истгоҳи асосии «Шомия» бо 120 ҳазор тонна ва «Аҷиёд» бо 35 ҳазор тонна тақсим шудааст.

Ин низом бо хунук кардани об то ҳарорати 4 то 5 дараҷа амал мекунад ва сипас об хунук аз тариқи шабакаи муттаҳида ба воҳидҳои ҳавоӣ интиқол дода мешавад, то пас аз раванди ивази гармӣ, ҳавои хунук ва тозашуда ба саросари Масҷиди Ҳаром равона шавад.

Дар чаҳорчӯби лоиҳаҳои рушд, воҳидҳои ҳавоӣ навсозӣ шудаанд ва тамоми мубодилкунандаҳои гармӣ бо намунаҳои нав иваз карда шудаанд. Ҳамчунин филтрҳои тозакунии ҳаво ба таври даврӣ иваз мешаванд, то ҳарорати муҳит дар маҳдудаи 22 то 24 дараҷа устувор боқӣ монад.

Ин низом аз ҷониби 77 сенсори гармии ҳушманд назорат мешавад, ки мутаносибан ба зичии аҳолӣ, бахусус дар соатҳои авҷи ҳузури зиёратён, кори низомро танзим мекунанд. Ҳамчунин низомҳои тозакунии ҳаво бо самаранокии 95 дарсад ва барномаҳои нигаҳдории мунтазам, устувории кори ин маҷмӯаро кафолат медиҳанд.

Дар Масҷиди Набавӣ низ як истгоҳи марказии хунуккунӣ, ки аз бузургтарин низомҳои ҷаҳон ба шумор меравад, дар масофаи 7 километрии ғарби масҷид қарор дорад. Ин маҷмӯа аз 6 воҳиди сардкунӣ бо иқтидори 3400 тонна барои ҳар воҳид ва 7 насоси асосии интиқоли оби хунук иборат аст.

Созмони умури идораи Масҷиди Ҳаром ва Масҷиди Набавӣ низ барои идораи равуои миллионҳо зиёратӣ, Масҷиди Ҳаромро ба 224 эскалатори ва 22 лифт муҷаҳҳаз кардааст, ки тавони хизматрасонӣ ба беш аз 200 ҳазор ҳоҷиро дар ҳар соат доранд.

Дар Масҷиди Набавӣ низ 180 эскалатор ва 25 лифт фаъол аст.

Бар асоси ин гузориш, низомҳои равшанидиҳӣ дар Ҳарамайни Шарифайн низ рушди назаррас ёфтаанд. Масҷиди Ҳаром ҳоло дорои беш аз 120 ҳазор воҳиди равшанӣ ва 6900 чароғаки ороишӣ мебошад; дар ҳоле ки Масҷиди Набавӣ аз беш аз 137 ҳазор чароғаки LED-и муттаҳид истифода мебарад.

Ин низомҳо аз тариқи низоми идораи ҳушманди бино назорат мешаванд ва шиддати нур бар асоси замони адои намоз ва миқдори ҳузури зиёратён танзим мешавад.

4353646

captcha