Ба гузориши ИКНО ба нақл аз расонаҳои ироқӣ, Бағдод, пойтахти Ироқ рӯзи душанбе шоҳиди ифтитоҳи намоишгоҳи хушнивисии Қуръони Карим буд. Ин намоишгоҳ тавассути Идораи ҳунарҳои умумии Вазорати фарҳанг, гардишгарӣ ва осори бостонӣ ва бо ҳамкории Анҷумани хушнависони Ироқ баргузор мешавад.
Аҳмад Факкок Албадронӣ, вазири фарҳанги Ироқ, дар маросими ифтитоҳияи ин намоишгоҳ гуфт: гуруҳе аз хушнависон бо талоши шахсӣ намӯнаҳое аз хушнивисии Қуръон аз тамоми Ироқро гирдоварӣ кардаанд. Ба гуфтаи онҳо ин иқдом як кори ҳунарӣ ва таҷрибаи беназир буда, ки нишонгари ишқи ироқиҳо ба ҳунар аст.
Вай бо ишора ба инки китоби осмонӣ ҳамвора мояи иттиҳоди фирқаҳо, мазоҳибу бахшҳои мухталифи ҷомеаи мо будааст тасреҳ кард: ба дастури нахуствазир чопхонаи махсӯсе барои чопи Қуръони китобат шуда аз сӯи хушнависон эҷод шудааст то ин асар ба китобхонаҳои мухталифи ҷаҳон, эҳдо шавад.
Алӣ Алибодӣ, мудири кулли ҳавзаи ҳунарии Вазорати фарҳанги Ироқ низ изҳор кард: ин намоишгоҳ посухе мутамаддинона ба тамоми тавҳинҳо ба Қуръон аст, вай хоҳони баргузарии маросими солиёнаи бузургдошти ин муъҷизаи илоҳӣ шуд.
Дар салони бузурги ин намоишгоҳ, 30 ҷузъи Қуръони Карим ба хатти 30 хушнависи аъзои Анҷумани хушнависони Ироқ ба намоиш даромадааст. Ҳар кадоми ин хушнависон аҳли яке аз вилоятҳои Ироқ ҳастанд.
4165702