
Ҳодисаи Ошуро на танҳо як рӯйдоди сарнавиштсоз дар таърихи ислом аст, балки чашмаи зиндаи бозхондани ҳақиқат, бедории виҷдони инсонӣ ва эҳёи арзишҳои аслии башарӣ низ мебошад. Дар байни шахсиятҳои бузурги ин ҳодиса, Ҳазрати Зайнаби Кубро (с) ҷойгоҳи беназир доранд. Он ҳазрат бо нақше, ки аз рӯи огоҳӣ ва имон иҷро карданд, тавонистанд паёми Ошуроро дар яке аз ториктарин давраҳои таърихи ислом аз миёни сензура, таҳриф ва хомӯшӣ ба гӯши таърих бирасонанд ва роҳи ҳидоятро барои наслҳои оянда равшан нигоҳ доранд.
Гуфтор ва рафтори Ҳазрати Зайнаб (с) пас аз ҳодисаи Карбало намунаи комили таблиғи динӣ ва ҳадафманд аст ки бо ақл, эҳсос, шуҷоат ва имон омехтааст. Он ҳазрат аввалин шахсе буданд, ки бо истифода аз усулҳои монанд ба расонаҳои ошкоркунанда, бозсозии ривояти дуруст ва бозхондани ҳақиқат, дар баробари таҳрифи таърих истоданд ва дар амал намунаи равшани расонагари динии огоҳона ва масъулона пешкаш намуданд.
Суханон ва мавқеъгириҳои он ҳазрат дар Кӯфа ва Шом, на танҳо нақли мазлумияти Аҳли байт (а) буданд, балки ҷилваи хирад, басират ва идораи эҳсосот дар сатҳи олӣ низ маҳсуб мешаванд.
Аз назари таблиғи динӣ, Ҳазрати Зайнаб (с) бо омехтани посухи ақлӣ ва эҳсосӣ, тавонистанд маъниҳои амиқи илоҳиро ба шакле баён кунанд, ки ҳам дил ва ҳам ақли мардумро таъсир диҳад. Он ҳазрат нишон доданд, ки барои таъсири воқеӣ дар ҷомеа, танҳо қонеъ кардани зеҳн кофӣ нест дил, эҳсос ва таҷрибаи зиндаи инсон ҳам бояд хитоб ёбанд.
4312709