IQNA

Дуюмин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони Қатар баргузор мешавад

21:34 - September 04, 2023
рақами хабар: 413
Вазорати авқоф ва умури исломии Қатар аз баргузарии Дуюмин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони ин кишвари ба номи “Аввал-ул-авоил” дар моҳи ноябр хабар дод.

Ба гузориши ИКНО ба нақл аз Ашшарқ, Дуюмин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони Қатар бо номи “Аввал-ул-авоил” баргузор мешавад. Дар ин мусобиқот 80 ширкаткунанда аз 26 кишвар аз 4 қорраи ҷаҳон ҳузур хоҳанд дошт.

Ширкаткунандагон дар ин мусобиқа, ки давраи аввали он дар соли 2016 баргузор шуд, нафароти аввали мусобиқоти байналмилалии Қуръони соир кишварҳо ҳастанд.

Ин мусобиқот аз чаҳоршанбе, аввали ноябр оғоз мешаваду якшанбе, 12 ноябри 2023 ба поён мерасад.

Бахши ҷонибии ин мусобиқот дорои чандин рӯйдод аз ҷумла барпоии намоишгоҳи Қуръони Карим дар масҷиди Эмом Муҳаммад Бен абдулваҳҳоб аст.

Ин мусобиқот ҳамчунин мизбони воизони саршинос аз ҷумла Шайх Умар Абдулкафо ва Шайх Набил Ал-ивазӣ барои баргузарии суханрониҳои динӣ перомуни Қуръони Карим ва фазоили он дар теъдоде аз масоҷиди бузурги ин кишвар хоҳад буд.

Авқофи Қатар муқаддамоти лозим барои пӯшиши ин рӯйдоди байналмилалӣ аз ҷумла расонаҳои дохилӣ ва хабарнигорони хориҷиро фароҳам кардааст. Баранда бо унвони аввалини аввалинҳо “Аввал-ул-авоил” номгузорӣ мешавад.

Ин мусобиқа бахши байналмилалии мусобиқоти Қуръони Карими Шайх Ҷосим Бен Муҳаммад Бен Сонӣ ба шумор меравад. Ба гуфтаи Вазорати авқофу умури исломии Қатар, мусобиқоти Қуръони Карими “Шайх Ҷосими Бен Муҳаммад Бен Сонӣ” аввалин давраи худро наздик ба се даҳа пеш, дар соли 1414 ҳиҷрии қамарӣ (1993 мелодӣ), дар як ришта баргузор кард. Сипас ин мусобиқот тавсеа ёфт ва акнун шомили се дастааст: умумии шаҳрвандон, ҳофизони хос, ҳофизони ом. Ҳамчунин баъдҳо бахши наврасон низ изофа шуд, ки ба шаҳрвандони аз сини 12-сол ба боло ва сокинони аз сини 8-сол ба поин иҷоза медиҳад то дар бахши ҳифзи панҷ ҷузъи охири Қуръони Карим ширкат кунанд.

Ин мусобиқот бо ихтисоси бахше барои тоза мусалмонони муқуми Қатар, ки беш аз се сол аз Ислом овардани онҳо намегузарад боиси ҷалби таваҷҷуҳот шуд ва ба ғайри арабзабонон барои фарогирии Қуръони Карим ва усули шариъат ва арзишҳои исломӣ кумак кардааст.

4166313

captcha