IQNA

Баргузории мусобиқаҳои Қуръон ба ёди се хоҳари даргузаштаи мисрӣ

10:30 - December 27, 2025
рақами хабар: 4263
Мусобиқаҳои ҳифз ва тиловати Қуръон ба ёди се хоҳари хурдсоли мисрӣ, ки бар асари як ҳодиса ҷони худро аз даст додаанд, дар моҳи мубораки Рамазон дар вилояти Минуфияи Миср баргузор мегардад.

Ба гузориши «ИҚНО» ба нақл аз рӯзномаи «Ал-Ватан», сокинони деҳаи «Кафр Шинвон», тобеи шаҳри «Шибин ал-Кум» дар вилояти Минуфия, ба ёди се хоҳари хурдсоли мисрӣ, ки бар асари газзадагӣ (хушкшавӣ аз газ) ҷон бохтаанд, мусобиқаҳои ҳифз ва тиловати Қуръон баргузор мекунанд.

Ин мусобиқаҳо бо унвони «Паррандагони биҳишт» дар моҳи Рамазон баргузор шуда, нишонаи ҳамбастагӣ ва ҳамдардӣ бо хонаводаи ин се хоҳари мисрӣ аст, ки бар асари газзадагӣ дар манзили худ даргузаштанд.

Ин рақобатҳо иштироки густардаи ҷомеаро бо ҳадафи густариши хайр ва некӣ ва ташвиқи кӯдакон ба ҳифзи китоби Худо нишон медиҳад.

Муҳаммад Ал-арабӣ, яке аз баргузоркунандагони ин мусобиқа дар деҳаи Кафр Шинвон, ба рӯзномаи «Ал-Ватан» гуфт, ки ҳама чиз аз замоне оғоз шуд, ки модари ин се духтар дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар як навиштае дар бораи мусобиқаҳои Қуръони Карим назар дод ва гуфт: «Худо шуморо ҳифз кунад, шайх Муҳаммад. Ба Худо қасам, ин як рӯйдоди зебост. Духтари ман ният дошт имсол бо ҳифзи нисфи Қуръон дар ин мусобиқа ширкат кунад, аммо ин фурсатро пайдо накард».

Вай таъкид кард, ки ба ифтихори ин се хоҳар, ҳайати баргузории мусобиқаи бузурги Қуръони Карим тасмим гирифт номи онро «Паррандагони биҳишт» гузорад, то ёди онҳо гиромӣ дошта шавад.

Ал-арабӣ тавзеҳ дод, ки ҳеҷ сухане наметавонад бузургии дард ва ранҷеро, ки дар дили ин хонавода аст, баён кунад. Мо ба подоши бузурги Парвардигор ба сабаби сабри шумо имон дорем ва ба он ки духтаронатон бандагони Худо ҳастанд ва саҳми ин се духтар дар биҳишт бештару беҳтар аст ва мақоми онҳо назди Парвардигорамон баландтар мебошад, эътиқод дорем.

Ӯ ёдовар шуд, ки ин мусобиқаҳо ҳар сол дар моҳи Рамазон бо ҳадафи гиромидошти ҳофизони Қуръон баргузор мешаванд ва вобаста ба ягон созмон ё ташкилоти хос нестанд, балки ба таври худҷӯш аз ҷониби сокинони деҳа баргузор мегарданд.

Муҳаммад Ал-арабӣ ҳамчунин гуфт, ки ҷоизаҳои арзишманде, аз ҷумла сафари умра барои ғолибони ҷойи аввал, дар назар гирифта шудааст ва маросими қадрдонӣ аз беҳтаринҳо дар охири моҳи Рамазон баргузор хоҳад шуд.

Ин ҳодиса замоне рух дод, ки се хоҳар — «Иҳдо» 10-сола, «Ҳудо» 8-сола ва «Муда» 5-сола, ки ҳамагӣ сокини деҳаи Кафр Шинвон буданд, ҳангоми оббозӣ дар ҳаммоми хона бар асари нафасгирӣ аз газ ҷони худро аз даст доданд. Онҳо фавран ба беморхонаи омӯзишии Шибин ал-Кум интиқол дода шуданд, аммо дар ниҳоят даргузаштанд.

4324626

captcha