
Ба гузориши Икно ба нақл аз «Ал-Иттиҳод», Юсуф Белмеҳдӣ, вазири умури динӣ ва авқофи Алҷазоир, дар дидор бо уламо ва андешмандони ширкаткунанда дар семинаре таҳти унвони «Дипломатияи динӣ дар минтақаи соҳили Африқо», як нусха аз Қуръони таърихии «Рудосӣ»-ро, ки бо назорати Абдулмаҷид Таббун, раисиҷумҳури ин кишвар, ба чоп расидааст, ба онҳо эҳдо кард.
Вазорати умури динӣ ва авқофи Алҷазоир бо судури баёнияе эълон кард, ки ин дидор пас аз ширкати уламои африқоӣ дар семинари «Дипломатияи динӣ дар соҳили Африқо; имконот ва чолишҳо» баргузор шудааст.
Ин семинар бо ибтикори Анҷумани уламо, мубаллиғон ва имомони ҷамоати кишварҳои соҳили Африқо баргузор гардида, Шӯрои олии умури исломии Алҷазоир дар он ҳамкорӣ доштааст.
Дар ин ҳамоиш намояндагони 11 кишвари африқоӣ ширкат намуда, аҳамияти дипломатияи динӣ дар таҳкими амнияту субот, ҳалли буҳронҳои минтақаи соҳили Африқо, нақши Алҷазоир дар рафъи буҳронҳои қора ва муқобила бо тамаъҷӯии бегонагон нисбат ба захираҳои Африқо мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Мӯсо Сор, намояндаи Мавритания дар Анҷумани уламои кишварҳои соҳили Африқо, бар аҳамияти фаъолсозии дипломатияи динӣ барои мубориза бо хушунат ва ифротгароӣ таъкид намуда, нақши муҳими ин семинарро дар боло бурдани сатҳи огоҳӣ дар ин замина тавзеҳ дод.
Ӯ изҳор дошт, ки равишҳои суннатӣ дигар ба танҳоӣ барои мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм кофӣ нестанд, балки барои баррасии решаҳои ин буҳронҳо чорчӯби динӣ зарур мебошад.
Қуръони чопи Саълабия ё Қуръони Рудосӣ (Рудзия) як Қуръони хаттии алҷазоирӣ бо қироати Варш аз Нофеъ ва бо хатти мағрибӣ (марокашӣ) мебошад, ки чопи он дар соли 1350 ҳиҷрии қамарӣ (1931 мелодӣ) оғоз гардидааст.
Матбааи Саълабия нахустин нусхаи чопии Қуръони Каримро дар соли 1350 ҳиҷрии қамарӣ, мутобиқ ба соли 1931 мелодӣ, дар Алҷазоир мунташир намуд. Ин нусха бо хатти мағрибӣ аз ҷониби хушнависи марҳуми алҷазоирӣ Муҳаммад Шародӣ, маъруф ба Муҳаммад ас-Сафтӣ ё Муҳаммад ас-Сафотӣ, бар асоси ривояти Варш аз Нофеъ китобат шудааст.
4330227