Ҳафтодумин сураи Қуръони Карим “Маориҷ” ном дорад. Ин сура бо 44 оят дар ҷузъи бисту нӯҳуми Қуръони Карим ҷой гирифтааст. Ин сура, ки аз сураҳои макӣ аст, дар тартиби нузул, ҳафтоду нӯҳумин сурае аст, ки бар Паёмбар(с) нозил шудааст.
Номгузории ин сура ба номи Маориҷ (яъне дараҷот) ба далели истифода аз ин вожа дар ояти севуми он аст. Ин сура, аз Худо бо номи “Соҳиби Маориҷ”, ки фариштагон ва рӯҳ ба сӯи Ӯ боло мераванд ёд шудааст. Манзур аз “Маориҷ” дар ин сура, осмонҳо ва ё маротибе аст, ки дар масири такомули инсон барои наздик шудан ба Худо вуҷуд дорад.
Сураи Маориҷ бо баёни достони шахсӣ оғоз мешавад, ки аз Худо барои худ азоб хост. Сипас вижагиҳои рӯзи қиёмат ва бархе аз шароит ва аҳволи мӯъминон ва вазъияти кофиронро дар он рӯз баён мекунад ва дар охир ба мушрикон ва кофирон ҳушдор медиҳад.
Меҳвари аслии сураи Маориҷ, қиёмат ва маод аст. Ин сура мехоҳад рӯзи қиёмат ва азобҳое, ки дар он барои куффор омода шударо тавсиф кунад; Барои ҳамин аз оғоз дар мавриди азоб сухан гуфтааст ва таъкид мекунад, ки ин азоб, омаданӣ аст, ва ҳеҷ чизе наметавонад монеи омаданаш шавад; Ва ин азоб наздик аст ва онқадарҳо дур нест, ки куффор тасаввур мекунанд. Онгоҳ ба вижагиҳои он рӯз ва азобе, ки барои онон таҳия шуда пардохта ва мӯъминонро, ки ба анҷоми вазоифи эътиқодӣ ва амалии худ мепардохтанд, истисно мекунад.
Гуфта шудааст сураи Маориҷ ба лиҳози мавзӯъӣ, дорои чаҳор бахш аст; Дар бахши аввал аз азоби сареъ барои касе сухан мегӯяд, ки баъзе аз гуфтаҳои Паёмбари Худоро инкор кард; Бахши дувум, вижагиҳои рӯзи қиёмат ва муқаддамоти он ва ҳолоти куффор дар он рӯз омадааст; Бахши севум, баёнгари қисматҳои аз сифоти инсонҳои хуб ва бад аст, ки ононро биҳиштӣ ё ҷаҳаннамӣ мекунад. Бахши чаҳорум низ шомили ҳушдорҳо ва таҳдиди мушрикон ва мункирони Худо ва Паёмбар аст ва бори дигар дар поён ба масъалаи рӯзи қиёмат ишора мекунад.
Дар мавриди савол кунандае, ки дар ибтидои ин сура ишора шуда, муфассирони мусулмон мӯътақиданд ин оёт дар мавриди шахсе ба номи нӯъмон аст, ки бо ҳолати эътироз ба Паёмбари Ислом (с) гуфт: моро ба тавҳид ва қабули паёмбариат ва анҷоми ҷиҳод ва ҳаҷ ва рӯза ва намоз ва закот даъват кардӣ ва мо ҳам пазируфтем. Аммо ба инҳо розӣ нашудӣ ва ҳоло як ҷавонро валии мо қарор додӣ. Оё ин эъломи вилоят аз сӯи худат буда, ё аз сӯи Худо? Вақте Паёмбар (с) ба ӯ фармуд, ки ин дастур аз тарафи Худованд аст, он шахс гуфт агар ин дастур аз сӯи Худованд аст, пас аз Худо мехоҳам то санге аз осмон бар сари ман фуруд биёварад. Дар он лаҳза санге аз осмон бар сараш фуруд омад ва ӯро дарҷо кушт ва бахше аз оёти сураи Маориҷ бар Паёмбар (с) нозил шуд.