IQNA

Таҳлили набард бо саҳюнизм дар Қуръон / 16

Нусрати илоҳӣ пас аз ҳаракати мӯъминон фаро мерасад

15:15 - March 30, 2026
рақами хабар: 4512
Ояти 39 сураи Ҳаҷ мегӯяд, ки мусалмонон бояд ҳар чи дар тавон доранд ба кор гиранд ва сипас дар интизори ёрии Худо бошанд.

Баъд аз он ки Пайғамбари Акрам (с) дархости бархе аз мусалмононро барои посух додан ба мушрикон дар Макка ба сабаби набудани иҷозати ҷиҳод рад мекарданд, Худованд ояти 39 сураи Ҳаҷро нозил намуд:

 

«أُذِنَ لِلَّذِينَ يُقَاتَلُونَ بِأَنَّهُمْ ظُلِمُوا وَإِنَّ اللَّهَ عَلَىٰ نَصْرِهِمْ لَقَدِيرٌ؛ به »

 

Бархи муфассирон ин оятро аввалин ояте медонанд, ки ба Паёмбари Акрам (с) иҷозаи ҷиҳод ва ҷанги мусаллаҳона додааст, зеро кори он Ҳазрат чанд марҳила дошт:

 

Даъват ва ислоҳи қалбӣ ва худсозии нерӯҳо.

Ташкил ва басиҷи нерӯҳо.

Дифоъ ё ҳамла.

Худованди Мутаъол дар ояти қаблӣ ваъдаи дифоъ аз мӯъминонро дода буд: 

«إِنَّ اللَّهَ يُدَافِعُ عَنِ الَّذِينَ آمَنُوا»

(Ҳаҷ: 38). 

Ва дар ин оят иҷозаи ҷиҳод дод; яъне мусалмонон набояд гумон кунанд, ки метавонанд дар хонаҳои худ биншинанд ва дар интизори ёрии Парвардигор бошанд. Нусрати Худо пас аз бархостан ва ҳаракати мо фаро мерасад.

 

Такмили ин иҷоза бо ваъдаи пирӯзӣ дар поёни оят:«وَ إِنَّ اللَّهَ عَلی نَصْرِهِمْ لَقَدِیرٌ؛» (Ҳаҷ: 39), мерасонад, ки мусалмонон бояд ҳар чи дар ин олами сабабҳо дар қудрати онҳо ҳаст, ба кор гиранд ва дар ҷое, ки қудрати онҳо поён меёбад, дар интизори ёрии Худованд бошанд. Ин ҳамон барномае буд, ки Паёмбари Ислом (с) дар тамоми муборизаҳои худ ба кор мегирифт ва пирӯз мешуд.

https://iqna.ir/en/news/3496840

captcha