Ин маросим ба ҳиммати маркази исломии Ал-Азҳар ва бо ҳамкории масъулони мактабхонаи Қуръони "Аҳлул Қуръон" вобаста ба идораи авқофи устони Фаюми Миср баргузор шуд.
Дар ин маросим, ки дар бошгоҳи Ал-Риҳоби шаҳри Итласо баргузор шуд, аз 350 Қуръономӯзи духтар ва писар, ки муваффақ ба ҳифзи комили Қуръон шуда буданд, таҷлил ба амал омад.
Дар ин маросим ҳамчунин аз 639 Қуръономӯз, ки муваффақ ба ҳифзи ниме аз Қуръон ва як чаҳоруми каломи ваҳй шуда буданд, таҷлил шуд.
Дар маросими такрими ин ҳофизони Қуръон, ҷамъи зиёде аз аҳолии минтақа, шуморе аз уламои Ал-Азҳар ва авқофи Миср, андешамандон ва уламои динӣ ва асҳоби расона ҳузур доштанд.
"Муҳаммад Ҳусайни Солеҳ", аз уламои Ал-Азҳар, "Шайх Муҳаммад Абдуттаввоб Муҳаммад", масъули мактабхонаи "Аҳлул Қуръон" ва ду тан аз бонувони асотиди ин мактабхона ба номҳои "Шимо Саид Бадр" ва "Амира Абдулотӣ Муҳаммад" аз меҳмонони вежаи ин маросим буданд.