IQNA

Истиқбол аз лоиҳаи «Муаллими Қуръон» дар Қатар

1:02 - May 09, 2026
рақами хабар: 4608
Сардори Кумитаи рушд ва таблиғи таълими Қуръон ва забони арабӣ дар Қатар эълон кард, ки ҳафтаи дуюми лоиҳаи «Муаллими Қуръон» шоҳиди иштироки назарраси донишҷӯён, устодон ва волидайн буд.

Ба иттилои икно, ба нақл аз Аш-Шарқ, Султон Иброҳим Ҳошимӣ, сардори Кумитаи рушд ва таблиғи таълими Қуръон ва забони арабӣ дар Қатар эълон кард, ки ин истиқбол нишондиҳандаи таъсири мусбати лоиҳаи муаллими Қуръон дар бахши таълимӣ ва тасдиқи муваффақияти марҳилаи озмоишии он аст ва роҳро барои густариши ин лоиҳа дар соли оянда мутобиқи барномаҳои мушаххас ҳамвор мекунад.

Ҳошимӣ тавзеҳ дод, ки ин ташаббус, аввалин ташаббус дар навъи худ дар ҷаҳони араб ва ислом аст ва ҷаҳиши сифатӣ дар рушди низоми таълими Қуръон дар муҳити мактабӣ нишон медиҳад.

Ӯ баён кард, ки ин натиҷаи таҳқиқоти ихтисосии анҷомдодаи кумита бо ҳадафи беҳтар кардани усулҳои таълими Қуръон ва афзоиши дастовардҳои он аст.

Ҳошимӣ афзуд, ки давлати Қатар дар қабули ин навъи таълимии инноватсионӣ, бо ҳамкории Вазорати авқоф ва умури исломӣ, ки дар муаррифии теъдоде аз имомони ҷамоатҳои соҳибтахассус барои ширкат дар татбиқи ин ташаббус нақш доштааст, пешгом аст.

Ӯ тавзеҳ дод, ки имомони ҷамоат бо дарназардошти сатҳи баланди шоистагӣ ва тавоноӣ дар тиловати Қуръон, бо диққати зиёд интихоб шудаанд.

4350569

captcha