Бино ба гузориши икно бо истинод ба Ал-Вифоқ, ҳамзамон бо айёми сӯгвории Ҳазрати Абӯабдуллоҳ ал-Ҳусайн (а), манобеи баҳрайнӣ аз монеъ шудани ҳукумати Баҳрайн ба баргузории маросимҳои азодории Ҳусайнӣ хабар доданд.
Бар асоси ин гузориш, режими Оли Халифа дар идомаи фишорҳо алайҳи шиаиён, аз иштироки шаҳрвандони Шаҳри Ҳамад дар дастаҳои азодорӣ, ки ҳар сол баргузор мешаванд, ҷилавгирӣ кардааст.
Бархе расонаҳо низ хабар додаанд, ки баргузории азодории Ҳусайнӣ барои рӯзи чаҳоруми пайдарпай мамнуъ эълон шудааст.
Аз ҷониби дигар, уламои Баҳрайн дирӯз дар баёнияе нисбат ба сиёсати ҳадаф қарор додан ва эҷоди маҳдудият барои шиаиёни Баҳрайн ҳушдор доданд.
Дар ин баёния омадааст, ки ҳукумати Баҳрайн дар иқдоме золимона ва таҳриккунанда, ҳамзамон бо оғози мавсими Ошӯро ва моҳи мубораки Муҳаррам, бархе аз хатибони минбари Ҳусайнӣ ва маддоҳони дастаҳои азодориро аз анҷоми вазифаҳои динии худ дар эҳёи шиорҳои Ҳусайнӣ боздоштааст.
Дар баёния таъкид шудааст, ки ин иқдом нақзи ошкори озодии динӣ, мухолифи қонуни асосии кишвар ва маҳрум сохтани мӯъминон аз ҳуқуқи амал ба эътиқодоти худ мутобиқи аҳкоми фиқҳӣ мебошад.
4359443