IQNA

Иштироки 22 миллион зоир дар зиёрати Арбаъин

12:04 - August 07, 2026
рақами хабар: 4926
Устондори Карбалои муъалло аз иштироки 22 миллион зоир дар зиёрати Арбаъини ҳазрати Имом Ҳусайн (а) хабар дод.

Ба гузориши икно, ба нақл аз хабаргузории расмии Ироқ (ВОА), Насиф ал-Хаттобӣ эълон кард, ки беш аз 5 миллион зоири хориҷӣ аз 172 кишвар дар бузургдошти зиёрати Арбаъини Имом Ҳусайн (а) ширкат карданд.

Вай ишора кард, ки имсол дар ин вилоят 16 ҳазор мавкиби ҳусайнӣ ба зоирони Арбаъин хидматрасонӣ карданд.

Устондори Карбалои муъалло эълон кард, ки дар ҷараёни зиёрати Арбаъин, Раёсати тандурустии вилояти Карбалои муъалло бо кӯмаки дигар вазоратхонаҳо ба 7 миллион зоир хадамоти табобатӣ расонидааст.

Ал-Хаттобӣ дар идома ба таъмини 1600 мегаватт нерӯи барқ барои вилоят ба сурати шабонарӯзӣ дар тӯли баргузории маросими Арбаъини имсола ишора кард.

4368084

captcha