Бино ба гузориши икно бо истинод ба Ватикан Ньюз, ҳамзамон бо даҳумин солгарди кушта шудани Жак Амел, рӯҳонии калисои шаҳри Сент-Этен-дю-Рувре дар Фаронса, масъулони Калисои католикӣ бо таъкид бар зарурати тақвияти муколамаи байни адён ҳушдор доданд, ки беэътимодӣ миёни масеҳиён ва мусулмонон ҳамоно метавонад ба абзоре барои сӯистифодаҳои сиёсӣ ва идеологӣ табдил ёбад.
Жак Амел рӯзи 26 июли соли 2016, ҳангоми баргузории маросими ибодати калисо, аз ҷониби ду ҳамлагари вобаста ба гурӯҳи террористии ДИИШ ба қатл расид. Дар ин ҳамла як нафари дигари ҳозир дар маросим низ сахт маҷруҳ шуд. Ин ҳодиса мавҷи густурдаи маҳкумияти байналмилалиро ба вуҷуд овард ва ба яке аз рамзҳои ҳамлаҳои террористӣ дар Фаронса табдил ёфт.
Ба муносибати даҳумин солгарди ин ҳодиса, дар шаҳри Сент-Этен-дю-Рувре ва дигар минтақаҳои Фаронса маросимҳои ёдбуд, барномаҳои муколамаи байни адён, намоишгоҳҳо ва ойинҳои дуо баргузор мешаванд.
Дар ин замина, Жан-Франсуа Бур, мудири Дафтари миллии равобит бо мусулмонон, ки бахше аз Маҷмааи усқуфҳои Фаронса мебошад, дар суҳбат бо Ватикан Ньюз таъкид кард, ки муколама миёни масеҳиён ва мусулмонон дар Фаронса собиқаи тӯлонӣ дошта, ба солҳои 1950 бармегардад. Аммо ҳамлаҳои 11 сентябри соли 2001 ва сипас кушта шудани Жак Амел нуқтаи гардише дар бознигарӣ ба масъалаи ифротгароии динӣ буданд.
Ӯ гуфт:
«Пас аз кушта шудани Жак Амел, ҳайатҳои баландпояи мусулмонон аз саросари Фаронса аз маҳалли ҳодиса боздид карданд, бо усқуфҳои католикӣ мулоқот намуданд ва бо ҳузур дар ҷойи воқеа ин ҳамларо маҳкум карда, ҳамдардии худро бо ҷомеаи масеҳӣ изҳор доштанд.»
Бур афзуд:
«Бисёре аз мусулмонон аз ин ҳамла сахт такон хӯрданд, зеро исломе, ки онҳо аз наслҳои пешин омӯхта буданд, ҳеҷ иртиботе бо хушунат ва терроризм надошт.»
Ӯ бо ишора ба вокунишҳои мардумӣ баъд аз ин ҳодиса гуфт, ки мусулмонон, масеҳиён ва ҳатто афроди ғайримӯъмин бо иқдомҳои рамзӣ, аз ҷумла тақдими осори ҳунарӣ, ҳузур бар сари мазори рӯҳонӣ Жак Амел ва ширкат дар барномаҳои муштарак, мухолифати худро бо ифротгароӣ нишон доданд.
Мудири Дафтари миллии равобит бо мусулмонон бузургтарин монеа дар роҳи муколамаи байни адёнро чунин тасаввур арзёбӣ кард, ки буҳронҳои ҷаҳони имрӯз гуё муколамаи байни адёнро ба масъалае камаҳамият табдил додаанд.
4366014