IQNA

Узви аршади Ҷунбиши шиаёни Нигерия:

Зиёрати Арбаин рамзи ҳамгироӣ барои густариши сулҳ дар ҷаҳон аст

11:55 - August 05, 2026
рақами хабар: 4917
Як узви аршади Ҷунбиши исломии шиаёни Нигерия изҳор дошт, ки зиёрати Арбаин рамзи ҳамгироӣ ва дипломатияи умумӣ барои густариши фарҳанги сулҳ дар ҷаҳоне аст, ки бо чолишҳое чун фирқагароӣ ва нажодпарастӣ рӯ ба рӯ мебошад. Ба гуфтаи ӯ, ин рӯйдоди маънавӣ ҳамоҳангӣ ва тафоҳуми миёни башариятро таҳким мебахшад.

Шайх Яъқуб Яҳё Катсина, узви аршади Ҷунбиши исломии шиаёни Нигерия ва аз шогирдони Шайх Закзакӣ, дар суҳбат бо икно дар остонаи Арбаини Ҳусайнӣ, фалсафаи зиёрати Арбаин, бузургдошти ин муносибат аз ҷониби шиаён ва ҳамроҳии пайравони динҳо, мазҳабҳо ва ойинҳои гуногунро тавзеҳ дод ва ба саволҳои икно дар ин замина посух гуфт.

Икно: Ба назари шумо муҳимтарин одоби Арбаин, ки ба зоирон барои риояи он тавсия шудааст, кадом аст?

Шайх Яъқуб Яҳё Катсина: Ҳамаи мо медонем, ки ҳазрати Имом Ҳусайн (а) барои ислоҳи уммати ҷаддаш қиём кард. Ислоҳот танҳо ба тағйироти сиёсӣ маҳдуд намешавад. Иштироккунандагони ин зиёрат бояд ахлоқи исломиро риоя намоянд ва бо тамрини сабр, тақвияти имон, ихлос ва исор ва пайравӣ аз Имом Ҳусайн (а) ва ёронаш, онҳоро сармашқи зиндагии худ қарор диҳанд.

Ҳамчунин онҳо бояд ба ростгӯӣ, амонатдорӣ, барпо доштани намоз дар аввали вақт ва муносибати нек бо ҳамсоягон, новобаста аз нажод, ранги пӯст ва ҳатто дини онҳо аҳаммият диҳанд. Бояд бидонанд, ки Имом Ҳусайн (а) ба ҳамаи инсонҳо тааллуқ дорад ва муҳаббат ба ӯ моро муттаҳид месозад. Илова бар ин, меҳрубонӣ ва дилсӯзӣ нисбат ба қишрҳои осебпазир, аз ҷумла занон, кӯдакон ва ҳатто ҳайвонот, бисёр муҳим аст.

Икно: Ҷойгоҳи Арбаинро дар наздиксозии мазҳабҳо ва ваҳдати уммати исломӣ чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Шайх Яъқуб Яҳё Катсина: Яке аз муҳимтарин ҷанбаҳои маросимҳои Ҳусайнӣ, ба вижа роҳпаймоии Арбаин, муттаҳид сохтани пайравони динҳо, фирқаҳо ва мазҳабҳои гуногун мебошад.

Икно: Оё метавон ҳузури пайравони динҳо ва миллатҳои мухталифро дар маросими Арбаин намунае аз «дипломатияи умумӣ» барои густариши фарҳанги сулҳ дар саросари ҷаҳон донист?

Шайх Яъқуб Яҳё Катсина: Зиёрати Арбаин ҳамчун як навъи дипломатияи умумӣ барои густариши фарҳанги сулҳ дар ҷаҳоне, ки имрӯз бо чолишҳои бузург, аз ҷумла фирқагароӣ, нажодпарастӣ ва мусобиқаи таслиҳотӣ рӯ ба рӯ аст, нақши муҳим мебозад. Миллионҳо нафар дар Карбало, Наҷаф ва дигар зиёратгоҳҳо ҷамъ меоянд, аммо хеле кам пеш меояд, ки даргирию низоъе рух диҳад ё аз дуздӣ ва фасоди молӣ хабаре шунида шавад.

Ин воқеият бо ҳадафи ниҳоии дини Ислом, яъне табдил додани башарият ба як хонаводаи ягона, ки бар пояи сулҳ, ҳамоҳангӣ ва дарки мутақобил бунёд шудааст, ҳамоҳанг мебошад. Чунонки ҳазрати Имом Ризо (а) фармудаанд:

 «Агар мардум зебоии суханони моро мешуниданд, ҳатман аз мо пайравӣ мекарданд.»

4367395

captcha