Ба гузориши икно бо истинод ба «Ал-Айн», ин ҷоиза танҳо дар ду ҳафтаи аввали оғози номнависӣ беш аз 12 ҳазор дархост аз 120 кишвар дарёфт кардааст. Ин нишон медиҳад, ки шумораи иштироккунандагон нисбат ба маҷмӯи ҳамаи 28 давраи қаблии мусобиқа беш аз ду баробар афзоиш ёфтааст. Дар 28 давраи гузашта дар маҷмӯъ 5618 дархост аз 105 кишвар сабт шуда буд.
Ин истиқболи бесобиқа аз муваффақияти назарраси дидгоҳи фарогири ин ҷоиза дар самти «интихоби зеботарин овози қуръонии ҷаҳон» шаҳодат медиҳад. Ин ташаббус бо ибтикори Шайх Муҳаммад бин Рошид Оли Мактум, муовини раиси Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб, сарвазири кишвар ва ҳокими Дубай роҳандозӣ шудааст.
Ин дидгоҳ таъсири ҷаҳонӣ ва рӯҳияи рақобатии ин ҷоизаро дигаргун сохта, мавқеи Дубайро ҳамчун маркази пешсафи ҷаҳонӣ дар хидмат ба Қуръони Карим таҳким бахшидааст.
Аҳмад Дарвиш ал-Муҳайрӣ, мудири кулли Идораи корҳои исломӣ ва фаъолияти хайриявии Дубай ва раиси Шӯрои сарпарастони Ҷоизаи байналмилалии Қуръони Дубай, таъкид кард:
«Истиқболи густурдаи истеъдодҳои қуръонӣ аз қораҳои гуногуни ҷаҳон аз ин мусобиқа нишон медиҳад, ки паёми тамаддунӣ ва маънавии Дубай имрӯз ба доираи ҳарчи бештари мухотабон дар саросари ҷаҳон мерасад.»
Ӯ афзуд, ки номнависии беш аз 12 ҳазор иштирокчии хоҳишманд аз 120 кишвар дар чунин муҳлати кӯтоҳ, нишонаи эътимоди ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин ҷоиза мебошад.
Бино ба ин гузориш, иштироккунандагон аз қораҳои гуногуни ҷаҳон аз эълони номнависӣ истиқбол кардаанд. Ин мусобиқа таваҷҷуҳи зиёди алоқамандонро дар кишварҳои арабӣ, минтақаи Ховари Миёна ва инчунин ҷомеаҳои арабиву исломии Африқо, Осиё, Аврупо ва Амрико ба худ ҷалб намудааст.
Ба ин мусобиқа бузургтарин ҷоизаҳои пулии таърихи мусобиқаҳои Қуръон ихтисос дода шудааст, ки маблағи умумии онҳо беш аз 12 миллион дирҳами Амороти Муттаҳидаи Араб мебошад.
Ғолиби ҷойи аввал дар бахши мардон (16-сола ва болотар) соҳиби ҷоиза ба маблағи 1 миллион доллари ИМА хоҳад шуд.
Бо таваҷҷуҳ ба истиқболи густурда аз ин мусобиқа, номнависӣ дар он то 15 августи соли 2026 тавассути сомонаи расмии ҷоиза идома хоҳад дошт.
4367602